Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Овозхон Шодон аз зўри овозу печутоб хўрданҳо зери обу арақ монда бошад ҳам, фуровард надорад ба хотири Хумор. Ва ҳамчу ҳолдону маҳрами роз танҳо ба ў адои миннатпазирӣ мекунад Хумор. Гўё омадани Санҷидро надидааст ё дидан намехоҳад. Зеро бо ҳар қадар карру фарр Хумор яқин дорад, ки касе ба сони Санҷид ситорагарм нест. Ягон чизи сохта, ягон холи ороста надорад.
Овозхони мавридшинос сурудашро дигар мекунад:
Гули Санҷид ба бари рўйи ту-е,
Моро куштай холу абрўйи ту-е!»
Хумор якбора, чунон ки базм анҷом пазируфта бошад, аз давра буромада, пўстин ба бар мекашад ва ҳамон зайл арақшор бадар меравад. Алӣ як назар мебинад, ки шикамчаи Хумор андаке дамида. Магар ў ба ғазаб омада, ки шикам фурў кашиданро фаромўш кардааст. Аз давраву дар чунон баромад, ки хатаре таҳдид карда ва ё хонааш сўхта бошад.
Ў сари фармони сабукрави сурх нишаст. Ду сабукрави якрангаи сафеди хориҷӣ; яке пешу дигаре аз пас ба роҳи калон баромаданд ва акнун сабукрави сурх аз ним зиёд пешопеш ва дуи дигар аз ду паҳлў гаштанд ба хиёбони Сомонӣ чунон ки меҳмонони давлатии хориҷӣ мерафта бошанд. Ва ғайб заданд дар хиёбони Рўдакӣ.
«Мерседес»-и сиёҳи чаҳорчашма гўё бар асари онҳо мерафт ва гумашон кард. Аз таваккул сўйи хонаашон меронд. Чун майдони Сомониро убур кард ва рў ба рўйи манори бар сар нишони гирдаи ҷумҳурӣ дошта расид, таркид. Таркиду пош хўрд ва ба сўхтан оғозид. Гирди мошин зиёдтар аз он мардуми ҳангомахоҳу ҳавасманд фаро омаданд, ки дар тарабхона буданд. Вале касе чизе намедонист ва касе ҷуръати наздик омадан надошт, ки ана-ана мошини сўхта истода таркида қисмҳояш то осмон пош мехўрад.
Он се мошин ҳам пайдо шуд, аммо издиҳому мошинҳои зиёд роҳи гузар намедод. Садои фарёди зане баромад:
«Алӣ! Алиҷон! Ба ту чӣ шуд?»
Хумор палангина сари китф издиҳомро ду дарида ба мошини сўхта наздик омад ва ҷуръати худро ба он зада, баробари Алӣ сўхтанро надошт.
Пайдо шуданд одамоне, ки палтову пашминаҳо пайдо карда оташро пинҳон гардониданӣ шуданд ва чанде дари мошин кушода бо ҳазор тарсу ваҳм мурда аз мошин кашиданд...
Ва хоҳарон ин ҳама аз Хумор донистанд; кина гирифтанд.
Баъди намози иди Қурбон мардуми мотамӣ ба зиёрати гўру гўрхонаи гумкардагон ба манзили хомўшон мерафтанд. Хумори сияҳпўш ба сар рўймоли сиёҳ кашида даруни панҷараи сари хок мегирист ва ашкони чакидаашро замин мемакид. Орому хамўш мегирист ў ва вонамуд мекард, ки аз ин панҷара бурун омаданӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор