Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Чӣ хел?
— Чӣ хеле, ки рафт, ҳамон хел бояд ояд.
— Чӣ хел?
— Номаълум. Хапу дам. Худои бурда меоварад.
— Чӣ хел?
— Чӣ хеле ки бурд, номаълум, бояд оварад.
— Ман намефаҳмам мақсади шуморо. Маро тарсонданӣ ҳастед?
— Ман шуморо тарсонданӣ нестам. Фаҳмонданӣ... Фаҳмонданӣ, ки ҳаққи кас ҷиғилдонро сўрох карда мебарояд. Ду-се рўз мебардорад; салтанат мекунед. Сонӣ лингатон аз осмон меояд.
— Чӣ хеле ки омадед, баромада равед!
— Пеш накунед ҳам, меравам. Лекин шуморо ба Худо месупорам. Худаш ҷазо диҳад.
— Аз даҳонат барояду ба гиребонат часпад! Худо маро ҷазо доданӣ мешуд, чунин мукофот намедод. Ҳаққи ҳалоли худам: ана кўза, ана обдаста... Шоҳид дорам. Лекин шумо шоҳид доред, ки писаратон ким-чӣ хел чизҳоро оварда ба ман супурду «амонат»
гуфта баромада рафт?
— Худо шоҳид...
— Худо ба шумо шоҳид бошад, ба ман ҳам шоҳид!.. Лекин ба забони ҳол гўед, ки чӣ иддао доред?!
— Ман ҳам ба он чиз ҳақ дорам.
— Ба кадом чиз?
— Ба овардаи писарам.
— О занак, ман писари шуморо намешиносам. Лекин бисёр гушна бошед, ана аз ин ду мошин якеро интихоб карда гиред.
— Не. Овардаи писарамро диҳед!
— Гапа кам бикун. Ман на писаратро дидам ва на овардаашро.
— Ба номи Худо?
— Ҷонам фидои номи Худо...
Баъди рафтани занак онҳо моту мабҳут монданд, ки чӣ гап буд. Ба хусус Ятим, ки ҳама вақт дар дил шубҳае дошт. Арўсро забон дар ком часпида, ранг дар рўяш намонда буд.
— Момо!
Лек момо ба хитоби набера гўш надода, ба назар лангидалангида аз дами дарвоза сўйи осорхона рафт. Набера аз паси ў тарзи рафтор дигар карданашро дида, парешон гашт: «Наход?
Наход гуфтаҳои занак рост бошад?»
— А, момо?!
Момо аллакай рўйи тахти хобаш дароз кашида буд аз болои дурра пешонабандак таранг кашида. Нигоҳаш дар сақфи хона часпида буд. Нафаскашиаш аён набуд. Арўс даромада ҳолаш дид ва зуд Ятимро фарёд кард: «Ин ҷо биёед!» Гўё аз фарёди арўс момо аз хоби заргўшона бедор шуда рў ба дар овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор