Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Лабони кабудча гаштаашро базўр ҷунбонд: «Кўрпа андоз ба болом...» Арўс кўрпа аз рахт гирифта бор кард ба болояш ва пай бурд, ки чу сармозада меларзад. Ширинчой оварда бо чумча ба даҳонаш рехт ва як ҳаб «аспирин» ҳам хўронд. Момо сахт арақ карда аз хоб бедор шуд ва фармуд як-як кўрпа кам кунанд. Зери кўрпа либоси аз арақ таршударо иваз карда «сарам мекафад» гуфт ва камзўли пашмӣ пўшида нишаст. Лек завқу ҳаваси пештараро надошт. Бештар ба сукут мерафт ва андеша мекард. Сару дасту пой ва чашму абрўву кунҷи лабонаш худ аз худ ба ҷунбиш меомад ё мепарид.
Каси ноошно аз ҳолатҳои ў дар шигифт мемонд; як навъ саръӣ ё девонаавзоъ мепиндошт. Касе намедонист, ки ў дар бораи чӣ фикр мекунад, аз чӣ рў хавос шудааст. Гаштаву баргашта тарсу ё дилҷиғғак ба дарвоза менигарист. Парешон буд, ки каси номатлуб ё нохонда медарояд; лат мекунадаш ё дастонашро баста пешандоз мебаранд: «Худо паноҳ диҳад аз он рўз. Ё ба ҳар ранг гардонад ҳам мунда накунад. Мундаи холии даставу гарданшикаста ба касе лозим нест. Аммо... аммо... аммо мундаи ман афсона мешавад; дар ҳар ҳолат афсона мешавад. Хоҳ писари ў – Шерзод биёяд, хоҳ не, афсона мешавад. Агар таърих нагардад...»
— Ятимҷон, Тарғилро сар деҳ! Мон рўйи ҳавлӣ ҷавлон занад.
Ба назарам замона нотинҷ. Ун занак бебало наомадааст. Дурўғи бисёре гуфт. Писар-мисар надорад. Пешравӣ зад. Вай хост, ки миёни мо хунукӣ афтад. Шумоён аз ман рў гардонед. Баромада равед. Чуғз барин танҳо гириста-гириста мурам, як кас хабар наёбад. Танҳоиву бекасӣ кўйи сахт... Сар деҳ, баччем, Тарғилро.
Ягон кас ояд саришта мекунад. Дарҳоро қуфл карда хобед!
— Воҳима чӣ лозим?
— Воҳима не, ҳитиёт.
Ва имшаб Тарғил деҳаро кўчонд. Дару деворҳоро ханҷолкаш шабро рўз кард. Саҳар ба рангу рўйи момо нигоҳ карда намешуд: чанги хокистар гирифтагӣ барин. Чашмонаш фурўрафта ва чанд рўймол болои ҳам баста буд. Орову торо ва райҳони паси гўшаш набуд. Онҳо ба ў менигаристанду андешаҳо доштанд, вале момо гирифтори фикру хаёли хеш буд: «Ин занак аз куҷо пайдо шуд? Батар аз аҷал...» Аммо аз фикру андешаҳояш чизе нагуфта, ҳасратнамо фармуд: «Баччем – Ятимҷон! Ҳавас доштам,ки маро об ба об мегардонӣ: Хоҷа оби Гарм мебарӣ, Калтуч, Оби Гарм, колхози Коммунизм, дараи Алмосӣ... сонӣ, Худо насиб гардонад, ба Гармчашмаи Помир... Намедонам ин арвоҳ аз куҷо пайдо шуд?
Ҳама нақшаҳоро барбод зад.
— Насиб, момоҷон. Лекин, гуфти худатон, он занак моро ором намегузорад.
— Бисёр нашавад, мекўчем...
— Куҷо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор