Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Ургут.
— Хубаш: ман харидор пайдо кунам, ҳавлиро фурўхта, аз ягон гўшаи шаҳр хона харем. Гумон мекунед, ки меёбад?
— Меёбад. Аз чашмонаш маълум. Кушаду мунда накунад.
— Киро мегўед, момо?
— Худи Худоро.
«Танг, ки омад, Худоро ёд мекунем...»
— Ким-чӣ гуфтӣ-а?
— Аз Худо намонем, мегўям.
— Рост!
— Ман рафта эълон медиҳам, барои фурўши ҳавлӣ.
— Не! Нарав, баччам! Мо бемардина метарсем...
— Дарвозаро қуфл карда меравам. Ягон кас ояд, накушоед!
Ман зуд меоям...
Ятим дер омад. То омадани ў момо як мушт шуда буд. Садои арўсу писараки ў ба гўшаш намефорид. «Наход шумқадам бошанд инҳо?» Вале ҳама хаёлҳояшро мошинҳо рабуданд: «Мошина додам, набурд-а... Чӣ хел одам бошад?»
Ятим дер омад; сархуш омад. Момо ўро дида ҳайрон шуд:
«Болои сўхта – намакоб». Ғазаб кард, ки сахт мегўяд ва меронад.
Аммо Ятим худаш дарвозаро кушода даромаду қуфл кард. Назди момо омаду аз нав рафта дарвозаро хабар гирифт. Андаке калавида омада пеши пойи момо афтид ва гиря оғоз кард.
— Нўлпоккунӣ?
— Не, момо. Кор аз кор гузашта. Ин ҳавлиро касе намехарад.
— Чаро?
— Нақшаи шаҳрсозӣ тайёр будааст... Се ҳалқа мешудааст шаҳр.
Ҳалқаи якуму сеюм ба мо дахл надорад, лекин ҳалқаи дуюм ба сарамон об мерезад.
— Чӣ хел? – мастии ўро фаромўш кард момо.
— Ана ҳамин хел... – дастро паргор карда як бор ба даври хеш гардонда, хаёлан дойира кашид. – Ана ҳамин хел ҳалқа мешавад.
Аз худди Каленин сар мешавад. Теппаи боғи Ботаникиро бурида, миёни боғро мегузарад. Намедонам, Донишгоҳи тиббиро мебуррад ё не, лекин рост ба ҳавлии мо омада, ҳамаро валу вайрон карда, парки троллейбусро шикаста, ба кўчаи Мирзо Турсунзода мебарояд. Якрост то қабристони русҳо рафта, ба роҳи Аэропорт мегардад, вокзал ё болои аэропорт катӣ баромада Южнийро вайрон карда (инаш майлаш), бозори Султони Кабир... вайрон... маҷақ...
бурида... шикаста... канда... хароб карда... ба соҳибони ҷою манзил як доллар надода.... Момо... Момо! Момо!!!
Нигоҳи сарду сокити чашмони бози момо ба сақфи осорхона дўхта шуда буд...
31.10.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор