Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин зиндагӣ замони даргириҳо буд. Аммо то ҷанг Сафро нозпарвард ба воя мерасид. Саврӣ луқмаи даҳони хешро ба даҳони ў мениҳод ва бо нуқлу наво парво мекард. Духтарча дар мактаби телевизионии филмҳои ҳиндӣ бузург мешуд ва хешро чун Синддухт орову торо медод. «Дар шўъбаи ҳиндии Донишгоҳ дохил мешавӣ, забони ҳиндӣ омўхта ба Ҳиндустон меравӣ» мегуфт модар ва Сафро усмаву сурма мекард, ҳалқа дар бинӣ меовехт, дастпона ба даст ва зангўла ба по меандохт. Тиҳипову китфи рост раҳо аз сарӣ рўйи қолӣ ба пошнаву нўки пой гирд мегашт ва зиёд орзу мекард, ҷавоне мувофиқи ў пайдо гардад ва ҳамроҳ сароянду рақсанду ғеланд рўйи сабзаҳо. Лек орзу дигару хаёл дигару насиб дигар:
деҳа ғамзада буд ва мардумаш чун мурғони беболу пар; гарчӣ ҷанг чанд ағба он сўст, валек овозааш чун овозаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ; он овард ҳам аз Масков ин ҷониб нагузаштааст, аммо хориву зориаш оламро гирифта буд ва чӣ касонро бефарзанду бе шавҳару бепадар кард. Сафро лонаи зебояшро гум кард ва дар хонаи бобову бибӣ гулўгир буд; боз падари қиморбозаш аллакай сарвари қартабозони деҳа гаштааст, ки ғаши ўро меорад; зеро падари солори обрўманд ва худшиносро орзу дорад. «Ба Душанбе бармегардем, оча! Мурем ҳам, дар ҳамон ҷо бимирем...» «Ҳамин хоҳишро дар Душанбе мегуфтӣ намешуд? Ман ғами туро хўрда, ҳавливу ҳарамро фурўхтам... Ба кадом роҳ меравем?»
«Душанбе рафта нашавад, биё ба Ҳиндустон биравем...»
«Ба Ҳиндустон худат меравӣ, духтарам... Калон шавӣ, меравӣ...»
Ва ў калон шуд – ба назари худаш бузург шуд ва монанд ба ҳамон духтарони филмҳои ҳиндӣ гашт, ки чун зери пўсташон об гирад на парвои падару модар доранду на хаёли нангу номус; ҷуз муҳаббат дар ду сарой чизе нест; гуноҳу савоб ҳам нест; ду дилдода ба ҳам расанд, дунё гулистон мегардад. Ранҷу азоби падару модар, ташвиши дунё, нокомӣ, хунрезӣ, ҷудоӣ ва ранҷу азоби беандоза ба назар намерасад; ҳатто қасдситонийи писару падар.
Онҳо дар хонаи бобову бибӣ – падару модари Саврӣ ҷой гирифта буданд, ки эшон чун молдорон аз баҳор то танги тирамоҳ овул мебаромаданд. Хона ба фарзандон мемонд. Саврӣ ҳам корҷўйӣ мерафт бо мошини «Москвич»-и шалақи ў. Сафро гоҳ ҳамроҳ мерафту гоҳ на. Ва Камол меомад назди ў. Камолро нахуст «ако»
гуфт, сонӣ «мо хеш». Дертар аз қиссаҳои ошиқии филмҳои ҳиндӣ лаб кушод; Камолро сахт огоҳ мекард, ки ҳамон хел муҳаббату қиссаҳо мехоҳад ва анҷомаш фоҷиабор бошад, хубтар...
— Ту медонӣ, ки онҳо падару модари ту нестанд, Сафро?
Ҳарфи Камол тире буд ба синаи Сафро. Батар аз фоҷиаҳои филмҳои ҳиндӣ; сахттар аз қисмати духтарони ятиму берўзӣ. Ў гурехт аз Камол. Чунон гурехт, ки чўҷаи кабк аз боз. Гурехту зери кадом бутта пинҳон гашт ва Камол то омадани амма ҷусташ, пайдо накард.

пешина
аз 393
навбатӣ