Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун садои баланди «Москвич» баромад, Камол аз дарвоза баромада ҷониби дигар роҳ гирифт. Онҳо омаданд. Дару дарвоза кушода буд, валек Сафро пайдо набуд. Зиёд ҷустанд, пайдо нашуд.
Саврӣ сахт ошуфтаву парешон гашт; чун мурғи посўхта ба ҳар сў тохту ба хонаи бародараш рафт, ки шояд Сафро ба бўйи устухон он ҷо рафта бошад, набуд. Ва баъди оворагиҳои зиёд Сафро аз мўрии дудагирифтаи бом фуромад, ки ранги қаҳрамонони ҷафокашидаи филмҳои ҳиндӣ буд: пўшокаш сиёҳ, дасту рўй ва сару пешониаш сиёҳ.
— Ин чӣ қисса, духтарам?
— Камол мегўяд, ки ту модари ман нестӣ.
— Камол? Ҳамон Камоли худамон?
Сафро садо бароварда натавониста кишна кард.
— Акоят шўхӣ кардааст. Вай ҳамин хел шўхиҳо дорад. Мегўяду аз пасаш мепояду меҷўяд, ки оқибаташ чӣ мешавад... Гуфтам, ки нарав ба хонаи онҳо!
— Ман нарафтаам, худаш омад.
— Худаш омад? Чаро?
— Мо бозиҳои ҳиндӣ кардем.
— Бозиҳои ҳиндӣ? Чӣ гуна бозиҳои ҳиндӣ?
— Ман сарӣ танидам ба тан. Тиҳипо рақсидам. Ў қарс зад.
Сонӣ шўхӣ-шўхӣ гуфт: «Онҳо зодагони ту нестанд...»
— Дурўғ гуфтааст... Ё ту ягон сухани ноҷо гуфтӣ?
— Не! Фақат гуфтам, ки падару модарат бўйи мол мекунанд, ранги бобову бибии ман.
Саврӣ пой ёзида нишаст рўйи хона ва ба андешаи дуру дароз рафт: «зор монад бенаслӣ» мегуфт ў, ҷуз худаш каси дигар намешунид. Асрор ҳувайдо гашт; он чӣ биму тарс дошт, ҳамин нукта буд, то Сафро нафаҳмад. «Ҳоло Камол ҳама чизро нагуфтааст; зеро надонад, ки падару модар Сафро зодагони ў низ ҳастанд. Ин ниҳонро ман донаму модари ў; чунки модараш хориву зории маро дида, дар ғами фарзанд чӣ ранҷҳо кашида, чӣ ҳарфҳо шунида то ба имрўз расиданамро танҳо Амбар донад. Ба шў фармуда буд, ки нобуд гашт тифл гоҳи зо. «Бурда ба хок супорем» фармуд падар.
«Норасида омад» гуфт модар. Ва ў низ мефаҳмад ва олам бохабар мегардад, ки чӣ номаъқулие кардем».
— Бобову бибии ў туро низ...
— На, оча, бобову бибии ман касоне ҳастанд, ки ҳатто ту надонӣ... Ба назари ман, онҳо ҳиндианд. Модарам аз ҳамон кишвари дур омада маро дар ғарибӣ зодааст ва имкону ёрои бурдан накарда, дар зодгоҳ партофтааст ва духтурҳои шинос туро бахшидаанд, зеро дар ғами фарзанд обу адо гашта будӣ... Гуфтанд маро...
Саврӣ мурд. Сар пеши пойи Сафро ниҳода, дигарбора сар бардошта натавонист. Духтар пой аз зери сари модар кашида тозон ба ташнов рафт, то нўки матои ҳиндувона ба китфи чапу сарсина ва камару ронҳо печидаашро ба мех андармон бикунад ва чархида раҳо аз он гардад ва дудаҳои ба сару рўй ва дасту пойҳояш нишастаро бизудояд.

пешина
аз 393
навбатӣ