Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Аз кўчаҳо; аз даҳони мардум; аз таънаву маломати баччаҳо:
«аммаат инту, аммаат онту».
— Лекин худат намедонӣ, ки...
— Дод нагў, очам мешунавад...
— Очаат аллакай медонад...
— Гуфтӣ?!
— Гуфтам!
— Пас мо зану шў шуда наметавонем... Ту духтари сабукандеша; роз пинҳон дошта наметавонӣ...
— Дер нашуд? Мурӣ ҳам, мегирӣ! Вагарна бо ҳамин дандонҳоям гўштатро канда-канда мехўрам... Ман духтари Саврӣ ҳастам ё не, фарқе надорад... Ман Синддухт ҳастам ва дар ягон кинои ҳиндӣ қасд дар қиёмат намондааст.
«Вой дилам!!!»
Миёни маншаву изҳори рози ононро бурид садои беҳушона ё қасдонаи модар. Ва онҳо аз тарс ангушт ба лаб гузошта, роз пинҳон доштанӣ шуданд... Аммо модар, ки аз асрори азал воқиф буд, ҳама чизро дарёфт, ки сахттар, мушкилтар ва ислоҳнопазир аз мушкилоти безурётии Саврист; дарди бедаво аз пинҳонкории ўву янгааш Саврӣ, ки ғами ўро хўрда тифли ҳанўз синааш намакидаро ба ў бахшида, тифли бегуноҳро мурда хонда аз зодгоҳ баромад ва баъд аз дамидани синаву шиддати шири пистон чӣ қадар ранҷу азоб кашида Камоли модараш сари фарзанд рафтаро писар хонда маконд ва...
ва Камол надонад чунин ҳолро; ҳама донанд, ў надонад. Сафро низ надонад. Агар дониста буд, аввал ба рўйи Камол кашида буд, ки ў низ писари Бону нест, балки «намурад» гуфта гирифтааст ўро ва онҳо ширхора ҳастанд; шири ҳаққи Сафроро хўрдааст Камол; онон низ надонанд чунин бозиҳои қисматро. Аммо писари Набии занмурдаро бо илтимоси ў ва ризояти шў – Некў гирифта шир дода бузург кардани Бонуро хурду калони русто медонанд ва агар фаҳманд, ки Сафрову Камол якдигарро дуздона дўст доштаанд, фатво медиҳанд: «Равост; ҳарду аз батни Бону нарўйидаанд». Чунин нозукиро Савриву Бону донанд ва ҳаққи ширу ширхорагиро муллоёни илмдор ва бохабар аз оёти «Қуръон» фатвову ривоят бикунанд.
«Ту чӣ ин қадар ғами аммаи Савриро бихурӣ, оча? Он тарафаш янга, зани шў».
«Ман ғами ҳамаатонро хурам, ки бо чӣ анҷомад ин моҷаро».
«Кадом моҷаро?»
«Рафторҳои баччагонаи шумо».
«Ҳеҷ рафторе нест, оча. Мо бозиҳои кўдакона мекунем аз киноҳои ҳиндӣ...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор