Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки мехост, тозаву озода шуда омад ва модарро ончунон дарёфт, ки хуфта буд. Ба кўча баромада тохт то хонаи Камол, то пайдош бикунад ва пурсаду бидонад, ки аз куҷо донад ў чунин ҳарфҳоро?
— Биё, духтарам, чӣ зебо шудаӣ...
— Марг ба зебоии ман, хола...
Амма ларзид ва ранги рўяш канд. Ангушт газид, то садояш кар накунад гўши фалак. Зеро буд он қадар садо андаруни дилу шушу ҷигари ў, ки рўзе таркида, лахт-лахт гўшташ пош ба ҳаво мехўрад монои пораҳои гўшти Ҳабиб, ки дучори минаи сарҳади ҳамсояҳо гашта буд. Дили амма мисли пуффаки дамида тарангу фишор ёфта бошад ҳам чизе напурсид. Зеро донист, ки Сафро беҳуда бо чунин ҳол наояд ба даргоҳи эшон. «Асрор ҳувайдо гашта... Ў дониста, ки духтари мост ва аз он ки аз баҳраш баромада, безурётеро бахшидаем, моро нахоҳад бахшид...»
— Чӣ шуд ба ту, духтарам?
— Ман духтари шумо нестам!
— Медонам, ин ро ҳама медонанд, олам медонад, ки ту духтари ман нестӣ; духтари Саврӣ...
— Духтари Саврӣ ҳам нестам!
— Инту нагў. Саврӣ шунавад, ҷо ба ҷо...
— Кайҳо ҷо ба ҷо шуда...
— Кӣ гуфт ин ҳамаро ба ту?
— Камол...
— Камол?! Камоли худамон?!
— Бале, Камоли ман...
— Чӣ гуфтӣ?
— Камол омад ба хонаи бобом ва ҳамаро гуфт: «Туро дўст медорам... Мо бояд...»
— Неее!!!
— Хола.... Хола... Хола!!! Чӣ шуд ба шумо?!
Вале оча – хола ёд надошт ва батар аз амма – модар рўйи мафраш дароз кашида буд мурдаву зиндаи онҳоро Сафро фарқ намекард.
Камол омад ва чунин ҳол дида ҳайрон монд ва танҳо бо ишораи сар мепурсид: «Чӣ ҳолу рўз? Чӣ шуд?»
«Ман намедонам, ки Худо маро чӣ гуна офарид, ки он ҷо оча ба ин ҳол, ин ҷо хола ба он ҳол».
— Ягон чиз гуфтӣ?
— Гуфтаи туро гуфтам, Камол...
— Ки ту духтари онҳо нестӣ?
— Ҳамин тавр гуфтам... Ту ин сирро аз куҷо медонӣ, Камол?

пешина
аз 393
навбатӣ