Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Чунинонро касе насозад, балки муҳит ва рухдоди рўзгор ба миён орад... Ба ҳар тақдир онҳо мурдаро монда, гурехтанд ва гурези онон бемақсаду бенақша буд. Гоҳе ки деҳаро паси сар гузошта ба шар-шари тангно расиданд, аз чангу гарди оби ба сару рўяшон серун расида ба худ омада дарёфтанд, ки чӣ кирдору рафторе доранд; зеро ин ҷо ором буд ва хомўшу бекас танҳо мўйи яккабофти шар-шар аз новаи танг ба зер кашол гашта ба санг бармехўрд ва гарду чангу зарра пош мехўрд ва сангу шахи ду канорро тар мекард ва ҳавои мўътадилу фораму гуворо месохт, ки дармандон ё сарзадаҳо гоҳи тулўъ ва айёми ғуруб танҳо ё ҳамроҳи пайвандонашон «ба нияти шифо» орому хомўшу сархам сукут варзида ва ба Худои бузург ниёиш карда омурзиши гуноҳ мепурсиданд ва чунин рафтори хеш тасаллӣ ёфта бармегаштанд.
Аммо Сафрову Камол ба чӣ ният ин ҷо омаданд, рўшан набуд.
Онҳо бо ҳамин роҳ гурехта бояд ба кўҳ мерафтанд, ки кам набуд чунин гурезогурез: охиринаш гурези шаби арўсӣ буд, ки Сафро дар тан либоси арўсӣ дошт; дар торикии шаби деҳа, ки моҳ паси абр монда буд, ситораҳо низ; барқ кор намекард, чароғҳо рўшанӣ надоштанд ва танҳо дар хонаи арўсу шаҳ шамъ месўхту рўғанаш об гашта чу ашк ба пояш мерехт, дигар рўшание ба чашм намерасид, парипайкаре миёни пардаи тираи шаб метохту метохт ба чизе эътибор надода; сарандоз ба гарданаш афтода, ҳарири сапеди танаш торро шикофта метохт ва пар-пар мезад гўшаи сарандозаш нўги остинаш ва лаби домонаш, вале зебу зинати арўсӣ, ки пеши нур ҷилвагар мешуданд, шуое надоштанд; чунон метохт, ки дар пойгаҳи қаҳрамонӣ чунин натозанд. Агар бим дошту ҳарос, худ дониста буд. Ва посе гузашта аз шаб ҳалқа ба дарвозаи Бону зад.
Бону, ки хоб надошт, ларзид аз чунин даркўбӣ. Дарро кушоду дилаш ларзид: «Тахмин мекардам, ки чунин...» ба худ гуфт ў ва дарвозаро кушода паси дар гўё пинҳон шуд... Сафро ҳоло аз хонаи модар мегурезад. Камолро ҳамроҳ гирифта мегурезад, то ба ҷустан наёбанд. Онҳо гунаи одамони замони пайдоиш ё монои ҳайвони то касӣ нарасида фирор доранд аз ҷаҳони «мутамаддин», то озода умр ба сар баранд гулу гиёҳ хўрда; озоду орому беташвиш бошанд; касе эшонро чизе нагўяд, нафармояд, садди роҳ нагардад; аз сар гиранд зиндагиро: лучу урён ба воя расад фарзандашон ва ҳеҷ бори амонат надошта бошанд; таънаву маломати дигарон нашунаванд.
Чунин сохтанианд саройи сипанҷро, тарҳи нав дарандохтанианд; беҳушона, аз рўйи орзуву ҳавас ва табъи дили хеш. Зеро ҳоло аз зиндагӣ чизе надида орзуҳояшон мурдааст ва ҳатто надонанд, ки зодаашон кист? Мефиребанд наздикон; гўё гетӣ барои озодагӣ ва меҳру муҳаббат ва роҳату фароғат сохта нашудааст; барои ранҷу азоб ва ребу фиреб, фану найранг сохта шудааст ва ҳама ваъда аз дар он дунёст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор