Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Онҳо ба дунё наомада гирифтори чунин дасисаву ғаммозиҳо гаштаанд ва то ҳол кӣ будани зодагон ва аз кадом шаҷара будани хешро намедонанд.
— Меравем, Сафро?
— Куҷо?
— Ҷое, ки чашмамон бинаду поямон кашад.
— Чунин ҷой ҳамин ҷо нест?
— Ба беша рафтанӣ будӣ...
— Оре, рафтанӣ будам. Лекин ҳоло мехоҳам зери шаршар бошем; дар оғўши якдигар санг шавем ва он дастаи шорони чу шир сафед ҳама давру замон ба сарамон резад. Ту рў ба рўйи пардаи сафеди об мўят сарандози сиёҳ бикунӣ ва ман миёни ду пардаи ноошнои олам бимонам; чашм аз чашму рўят наканам.
Санг шавем, ҳайкал гардем. Бигузор селовардҳо ба сарамон резанд; санг бар сарамон занад; хомўш, ором, мисли ин шахҳо вазнину ботамкин бошем... Ҳоли мо Худо донаду бас...
7.05.08.
шОҳи ҲАЙВОН
Муаллими ҳайвоншинос (зоология) Гургалӣ ҳарчӣ дар бораи ҳайвонҳо шогирдонро омўхта буд, имрўз санҷиш мегузаронд: «Кӣ мегўяд, ки шоҳи ҳайвонот кист?» Як синф шогирдон баробар даст бардоштанд. Муаллим ба чеҳраҳои онҳо чашм чаронд дар лабаш табассум дамид, ки чӣ андоза дарси ўро шогирдон аз бар кардаанд:
«Офарииин... Офарин! Шогирд бояд чунин бошад; устодро шод гардонад». Дар чеҳраи шогирдон низ хун давид, ки муаллим чӣ пурси сабуке кард; зеро аз устоди сахтгиру сахтгў чунин сабукӣ чашмдор набуданд. Дар лаби онҳо низ табассум дамид. Муаллим аз сардори синф пурсон шуд: «Хўш, Меҳмон?»
— Шер, муаллим!
Муаллим сар андохт ва хеле замон хомўш истод, сонӣ рўйи синф гом зад. Ду тарафи камарчаи даҳонро дошта пахш мекард, то даҳонаш кушода ва забонаш гўё гардад. Ҳамчунон дастҳо монои суғурҳои ба ду пойи пас рост истода истех буданд. Табассум дар лабони шогирдон шикаст, ки ба муаллим чӣ шуда бошад: «Гуфти худи муаллим, таълими худи ў...»
— Дуруст...
Гарчӣ садои зерилабӣ дошт устод, шогирдон бо як овоз «уррааа!!!» гуфтанд ва дари синф якбора кушода гашта сурати мудири мактаб намуд. Шогирдон баробар пештахтаи партаҳоро бардошта ба по шуданд, гўйӣ ки Сталин дарро кушода нигарист.
— Санҷиш, мўҳтарам мудир!
Зайле ки дар кушода гашта буд, пўшида шуд ва ранги рўйи ҳайвоншинос-муаллим канд: «Мудир баъд гуфтугў мекунад...» ва сирр бой надод.
— Дуруст. Шер замоне шоҳ буд; замонҳое, ки ҳама нимхобу нимбедор буданд. Ҳоло дунё ба куллӣ дигар шудааст. Шумо, ки бачча ҳастед, дар зери таъсири Мауглӣ мондаед. Лекин чунин дар мағзи устухони хурду калон ҷой шудааст, ки шер шоҳи ҳайвонот. Воқеан ҳам шери нар ба шоҳи хунхор монанд: даҳон кушода наъра кашад, даҳонаш суп-сурх хунолуд. Ёли гарданашу пашми тоҷи сараш далолат ба шоҳийи ў мекунад. Ғазабаш ояд, ҳар гуна ҳайвони бузурги кўҳмонандро доштаву афканда, корашро тамом мекунад...
«Ура!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор