Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кӣ буд ин?
«Сардори синф!»
— Саросема нашавед, мўҳтарам сардори синф! Шер як хислат дорад... ё тарзи шикор гўем? Аввал сайдро мегурезонад. Баробараш тохта, расонда, ба пойи паси сайд панҷа мезанад. Сайд попечак шуда ба сар меравад. Шер – шоҳи ҷаҳон пахш мекунад сайдро.
Чунки дунё аз они ў. Касе ҳуқуқи эрод гирифтан надорад. Ана акнун муборизаи асосӣ сар мешавад: шер аз хекиртаки сайд медорад; роҳи нафасро танг мекунад. Сайд ҳазор зўр занаду шерро чун тавқ дар гардану гулў бардошта хезад ва роҳ гардад ҳам, гарданак занаду сар афшонад ҳам, дум хода карда наъра заданӣ шавад ҳам, раҳо намекунад гулўи онро шоҳ. Аз ин рў шерро «шоҳи ҳайвон»
ном дода буданд. Вале дунё дигар шуд: зўрҳои дигар баромаданд...
Кӣ мегўяд, ки он зўр кист?
— Фил!
— Фил зўр; ба шумо гуфта будам. Сураташ дар рўйи китоби зоология ҳаст. Бисёр ҳайвони зўр; дарахтро аз решааш меканад; миёни ашкҳои дарозу хартуми печон гирифта мебарад; ҳайвони зўру андак гарангтоб ҳам ҳаст. Гумон мекунӣ, ҳаргиз фикр намекунад; мағзаш хуфта, дарунаш пур аз бод ё чун каду холӣ, варам дорад. Чун мушхона пайдо кард, рафидаи пояшро бар он пахш карда дуру дароз медорад; ақлаш намерасад, ки гурезад; чунки гўшҳои лакаториашро эҳтиёт мекунад; мабод, ки муш аз сўрохӣ баромада ба гўшаш дарояд. Меистад гўлона ба чизе сарфаҳм нарафта. Лекин наърааш бешаро меларзонад. Истифода намебарад чунин садои мисли карранойи ҷангиро, то мушон фирор кунанд аз тарс. Каси тарсую беақл шоҳ шуда наметавонад. Ду сол бачча дар дарун дорад ҳам, вазни навзодаш то сад кило бошад ҳам, то шоҳӣ расиданашон амри муҳол. Вазири савдо, вазири кашоварзӣ, мудири база, қассобу таббох шуданашон мумкин.
Ҳарчанд ки ҳастанд чунин шоҳони тасодуфӣ. Дар зўрӣ – зўр чун фил, лекин мадрасанадида; бепир... Шумо медонед ин чӣ маънӣ дорад... Хўш?
— Шутур, муаллим!
— Неъ! Ҳарчанд ҳайвони зўр, пурбардошт; ба зину полон ниёз надорад; дар гузашта хидмати поездро баҷо меовард; бозаргонон бо нору сор зинда буданд, вай шоҳ шуда наметавонад: тасодуфан шавад ҳам, бисёр шоҳи безеб мегардад. Дар сараш тоҷ намеистад, бар тахт нишаста наметавонад; хулоса, ягон ҷойи ҳамвор надорад.
Шоҳ бояд... худатон медонед; чунки канизаку раққосаҳои зиёд гирдаш мегарданд. Лабаш доим ҳатўлу кашол; худ ба худ лабак мезанад, намешунавӣ, намефаҳмӣ, ки чӣ мегўяд; гўшҳояш майдаи чури безеб. Мо гуфтем, ки фил бо ҳамон гўшҳои болсурати лаппонаш шоҳ шуда наметавонад. Шоҳ-а! «Сояи Худо дар рўйи замин»

пешина
аз 393
навбатӣ