Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳама мисли орзуҳои наврасӣ. Лекин ҳаёт дигар; дар чунин ҳаёти талошҳо баёт гузаронидан сахт мушкил. Ана ман: аз рўйи китоби Абрамов ҳаёти зиндагии ҳама ҳайвонҳоро медонам, лекин он бечораҳоро надидаам. Масалан, ягонтои шумо аждаҳорро дидаед?
— Аждаҳор, муаллим!
— Чӣ «аждаҳор, муаллим?»
— Шоҳи ҳайвонҳо – аждаҳори афсонавӣ! Ҳама медонанду надидаанд... Шоҳ ҳам набояд бо ҳар гадо ҳамнишин бошад...
— Ту ҳам бачча, бисёр чизҳоро мефаҳмию... Аз куҷо ме шӣ?
— Аз ҷигари шаҳр.
— Не, аслу насабатон, бобои бобои бобои бобокалони калони калонатон аз куҷо омадагӣ...
— Аз рўйи нақли бобокалонам даҳан ба даҳан омадааст, ки аз осмон...
— Гуфтам, ту аз дигарон фарқ мекунӣ. Дар тахтапуштат нақши панҷаи Нақшбандӣ ҳаст? Ё сурати ягон ҳайвон?
— Ман андешаи шуморо фаҳмидам, муаллими мўҳтарам; ман намехоҳам шоҳи ҳайвонҳо будан.
— Хуб, ин бачча насибаро пеши по зад. Лекин... лекин дар ягон замон тахт бе тоҷвар намондааст. Барои тахти бахт он қадар талошҳо будааст, ки шеру паланг он қадар даррандагӣ накардаанд.
Худи ҳамон ҳикояти шеру гургу рўбоҳ бас аст, ки мисол орем.
Гуфта будам-а? Гуфта будам. Такрор кардан намехоҳам. Агар баъзе беҳушҳо фаромўш карда бошанд, ҳушдорҳо ёдрас кунанд...
Балки лозим набудагист. «Ба асп нағз як қамчин!»
— Асп, муаллим!
Муаллим ором монд. Хеле хомўш нигарист ба он шогирд.
Чӣ андешаҳое аз дил гузаронд, ки айнан бо садои ў, вале хеле паст такрор кард: «Асп...» Синфхона чунон хомўш буд, ки нафаси муаллим ба гўш мерасид, вале аз оромиву сокит мондани устод шогирдон дар ҳайрат афтоданд...
«Ёфт!» фарёд зад шогирди хурдакак ҳаяҷон дар пўсташ нагунҷида: «Ёфт! Асп – шоҳи ҳайвон! Дар тохт ягон ҳайвон баробар шуда наметавонад! Ҳатто даррандаҳо ба зарби наъли пойи ў тоб оварда наметавонанд. Аз рўи нақли муаллим: вай ҷуфтак мезанад, лагад меандозад, мегазад, аз гардани дарранда даҳан зада, бардошта меафшонад ва дур меандозад. Дар китобҳо омадааст, ки асп ҳайвони боақл, соҳибашро аз мурдан наҷот дод. Пеш танку БТР-у чархболу самолёт, ҳатто ракета набуд; душманон аспсавор ҷанг мекарданд...
— Филсавор! Фил зўртар аз асп!

пешина
аз 393
навбатӣ