Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Муаллим гуфт, ки фил ақл надорад; хоболуд, гаранг, ва бисёр ифлоси қарқини фаромўшхотир. Сўрохии мушро бинад, рафидаи пояш бар он пахш карда меистад аз тарс; мабод, ки муш баромада ба гўшаш дарояд. То фил рафида аз даҳони сўрохӣ мебардорад, ки ҷанг тамом мешавад. Асп обу оташро ҳам бурида мегузарад; реб медиҳад, фир мегардад, чароғпоя гашта бо даст ба фарқи сари душман мекўбад...
— Баччаҳо сухан аз «шоҳи ҳайвон» меравад, на аз ҷанговарии ҳайвонҳо. Шумо фани зоологияро хуб аз худ кардаед. Аммо намедонед, ки шоҳи ҳайвонҳо кист!
— Рўбоҳ, муаллим! Сагро фиреб медиҳад! Саг ба думи қарқараи ў нигоҳ карда пешандоз мекунад; рўбоҳ якбора ба рост ё ба чап тоб мехурад, саг ҳоло ҳам ду чашм ба думи рўбоҳ рост гузашта меравад, хуквор.
— Ин дарси мо – дарси кушоду озод. Вагарна ман ба шумо ин қадар озодӣ намедодам; ҳарчанд ки мо ҳама барои озодӣ мубориза мебарем. Медонед-а? Он чизе ки халоиқ мехоҳад, шоҳон намехоҳанд. Олам пур аз рўбоҳ. Ҳар ҷо, ки мурғ бошад, пойидапойида меояд. Шикори онҳо бештар дар шаб барор мегирад.
Бисёр ҷонвари дилнокаш, лекин баъзе занони безавқ пўсти онро дар гарданашон бардошта мегарданд. Рўбоҳ шоҳ шавад, чунин занон чӣ қадар шод мегашта бошанд... хушбахтона, рўбоҳ шоҳ шуда наметавонад; зеро зебу зинати рўбоҳ дар думаш...
— Хар, муаллим!
— Оббооо... Ақаллан шерҳанг гўед. Воқеан ҳам ин ҷонвар гурги даррандаро тарсонидааст бо ҳанги шеронааш мағлуб созаад. Медонед-а ин афсонаро? Медонед. Шумо пухта, баччаҳо, ҳама чизро медонед. Харро хизмат зиёд, албатта: бисёр кор мефармоянд ўро; корҳое, киии... Аз иқтидораш зиёд бор мебанданд дар пушташ; халачўб мешикананд бар сараш; бисёр хала мекунанд; қаҳру ғазаби гуруснагӣ ва хаставу бефара гаштанашонро аз он мегиранд; мошину поездашон, шумо гуфтагӣ барин, ҳамин хар. Як ҷонвари безабони заҳматкаши пурбардор, аммо новақт, ки ўро ба тахти шоҳӣ бинишонанд; чунки хокаш паст. Дар ҳар гуна хок ғел задан мегирад; рўйи хокистар ҳам ғел мезанад, фаҳму фаросот надорад; хубу нохубро фарқ намекунад; пўчоқи харбузаро то ба хок наҷўлонад, намехўрад. Ана ҳамин хислаташ ба баъзе рафторҳои одам наздик. Мо ҳам ба бодаринг намак зада мехурем-ку!
— Мо!
— Чӣ мо?!
— Маймун!
— Ё шумо аз ҳад пеш рафтаед, баччаҳо, ё ман фикри асри Тараққиётро намефаҳмам.
— Шумо «Зоология»-и кўҳнаро хондагӣ, муаллим. Олимони худамон «Зоология»-и нав бароварданд. Ҳайвонҳое ки дар музофоти мо нестанд, кирои дар китоб ҷой додан надорад, мегўянд, бигузор дар ҷангалҳои Ҷануб хар навъе хоҳанд зиндагӣ бикунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор