Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Ин хел не, баччаҳо. Ҳамин маймуни бадшакл бобою бибии ману шумо. Дар кадом гўшаи олам бошад, ниёгони мо. Камтар ҳуш дорад. Ба баъзе чизҳо сарфаҳм меравад. Масалан мисли одам дупо гашта метавонад; чашму абрўяш сиёҳ, биниаш ба бинии пучуқҳо монанд, дастпўшаки чармӣ пўшида мегардад, баданашро хорида метавонад. Ба фалокат дучор шавад, огоҳ карда метавонад; чунон дод мезанад, ки беша меларзад. Омўзанд, самолёт ҳам ҳай мекунанд. Худатон дар сиркҳо дидед, чӣ корҳо мекунанд. Бисёр хислатҳои одамро доранд...
— Одам, муаллим!
— Одам... одам... одам... Аз дасти одам ҳар кор меояд. Зеро миҷози ў ба миҷози ҳама ҳайвонҳо монанд. Ҳайвон дониста – надониста кореро анҷом диҳад, ё аз тарс ё барои ҳифзу ҳимояи хеш амалеро ба ҷо орад, масалан хирс...
— Хирс, муаллим!!!»
— Андак... Аввал одамро тамом бикунем. Хирс ҳам чун маймун одамвор ба ду пой мегардад; гўштӣ ҳам мегирад бо одам, лекин одам не-дия... Одамаш тамоман чизи дигар: дар як лаҳза, ҳатто дар як миҷазанӣ метавонад ҳайвон шавад, дарранда, қотил, сўзанда гардад, ки ба кирдору гуфтораш ақли ягон ҳайвон намерасад; ба гуфтораш забони ягон ҷондор нагардад. Насиҳати ман ба шумо ҳамин, ки бо одам шўхӣ накунед, гапатонро дониста занед; гапашро нагардонед, пеши роҳашро бурида нагузаред, эрод нагиред, ба иззати нафсаш нарасед, камбудиашро ба рўяш нагўед, ба кори сарвариат хурдагирӣ накунед; ҳатто «бурутат каҷ»; кораш хато бошад ҳам, «дуруст» гўед; чунки зиндагии мо худ хато; андаке саҳв шудааст ба сохтани одам; зеро то ҳол маълум нест, ки Одам чигуна пайдо шудааст: маймун зойидааст ўро; аз хок сохтаанд ўро; ё меҳнат ба чунин сурат овардааст ўро? Агар чунин тахмин рост аст, дар ибтидо ҳайвон будааст одам. Ин чизро дар симо, рафтору кирдор, амалиёт ва ҳайвонхўриҳои инсон мушоҳида кардан имкон дорад. Инсон ҳама гуна ҷондорро мехўрад. Агар мо нахўрем, дар дигар кишварҳои дур, ки ҳоло ҳам лучу бараҳна мегарданд, кирму чирмро мехуранд, аз диданаш дили мо беҳузур мегардад. Хулоса, одам метавонад одам ҳама гуна ҳайвонро ром бикунад, нест бикунад; хўрад ва... дигаргуна истифода барад. Одаму ҳайвон ду лашкари ноошност, ки аз якдигар тарсанд, бим кунанд, дарафтанд, кушанду хуранд; чунин кор дар ҳолатҳои зарурӣ ва маҷбурӣ. Оммо одам, ки донотар аст ва ақлаш ребу фиребро мегирад, дар ҳар ҳолат – дар шодиву ғам ҳам ҳайвонро кушта истифода мебарад; аз ягон чиз намегардад одам; хуни ҳайвон боиси шодмонии ў мегардад. Ҳамин чизро ҳайвонҳо дарку эҳсос кардаанд ва баробари дидани сояи ў маегурезанд, паси ҳафт ағба мешаванд: «Афти ин ҳавонро набинам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор