Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳаври поруҳои ҷо-ҷо рехтаи даруни ангор боло шуд. Дашт хомўш ва бекас буд. Агар аз дуриҳо рўбоҳе гузарад, ба чашм расад. Фақат як зоғи сиёҳ аз ҷониби боғоти колхоз парвоз карда, омада ба сари тўдаи поруе нишаст. Дигар ягон чизи диққатрабо, ки набуд, ў ба ҳамон зоғи бадодат нигоҳ карда-нигоҳ карда, рафт. Палтояш вазнинӣ кард, як китф заду боз рафтан гирифт.
Вай ба деҳа расид. Гўё ки ҳама омадани ўро нигарон бошанд, зери айвони чойхона, дари магазин, истгоҳ ва назди сартарошхона меистоданд. Раис аввал бо чанд нафар оғўшкаш вохўрдӣ кард, баъд дид, ки дер мешавад, саридастӣ вохўрд ва гузаро шуда рафт.
Ҳама ҳайрон: чаро раис ин роҳи тўлониро пиёда паймуд.
Ў дарвозаи ҳавлиашро оҳиста кушод. Бо вуҷуди он Чорчашм пай бурд. Гўш сих карда, дартоз аз зери айвон ба таги дарвозахона омад ва худро пеши пои раис андохта, ғирингос задан гирифт.
«Ту читу, Чорчашм?» – гўён сари ду по нишаст ва сару гардани сагро дастмол кард. Чорчашм ҳаловат бурда, ғел зад ва дасту пояшро боло кард, «Хез акнун!». Аз овози ў ва иринҷоси Чорчашм кўдакон бохабар шуда, дари хонаро кушода, пои лучу сари луч ба пешвози падар тохтанд. «О-о, дарро пўш!» – садои модарашон омад. Вале баъдтар худи ў низ баромада, раисро дид ва дуру дароз ба ў нигоҳ кард: «Ин чӣ гап, ин чӣ рўз?» – мепурсид нигоҳи ў, вале раис буғзи дар гулўяш печидаро кўшиш кард, ки фурў барад.
«Канӣ-канӣ, шерҳо!» – гўён кўдакони ба худаш часпидаро ҷудо карда, меҳрубонона сўи хона тела дод.
— Нарасед, дадеш аз мардикорӣ омаданд, монда шудагӣ,— нешханд зад ў. Баччаҳо ба ҳарфи модар гўш дода, ба хона даромаданд, вале раис гап назад. «Таги кўрпаи гарми ягонтааш хобат бурда монд, ки гумҷўй шуда омаданд». Ба пурсида омадани коргарони район ишора кард ў. Раис ба чунин гуфтори зан тоқат карда натавониста, теғ кашида нигарист, баъд ба хона даромад. «Ба як подачӣ мерасидам, сад бор беҳтар буд»,— шеван кард занак.
— Дилат кашад, баро, рас,— ба гап омад раис ва пои ба сандалӣ даровардаашро бозпас кашид.— Ту мана «раис» гуфта нарасида будӣ-ку! Нав аз ҷанг баргашта будам, дар тан як шинел доштам. Ту доим ба ман ана ҳамон хел нигар. Гумон кун, ки ман аскар, имрўз ҳастам, пагоҳ нестам.
— Он вақт ду пою ду гўш доштӣ, ҳолӣ ҳаждаҳ пою ҳаждаҳ гўш...
Аз чунин шумори зан раис сахт ҳайрон шуд, ки ҳеҷ гоҳ ингуна сард пешвозаш нагирифта буд. «Зан мардум намехоҳад, ки шавҳар аз паҳлўяш дур шавад. Гумон кунад, ки шў хонаю дари дигар дорад. Агар ту донӣ, ки дар колхози кўҳпора аҳвол чӣ гуна аст... Каме сабр мекардӣ, ҳамаашро мегуфтам»,— аз дил гузаронд раис ва хаёлаш ба рўди Муғ рафт, ки он деҳаи навободро ба ду қисмат ҷудо карда гузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор