Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Баъд тасаввур кард, ки дар ду соҳили камбари ин рўд тракторҳо чӣ садо диҳанд.
Ў буду шуди гапро ба зан фаҳмонд. Баъд гўё ки мўҳлати сафар тамом шуда бошад, бирафт. Аввал ба район даромада, мошину тракторҳои ба назди ёру ошноҳо барои таъмир гузоштаро хабар гирифт ва сипас таноби роҳи «Чорбоғ»-ро кашид. Ба ин ҷо муаллимон зану фарзандон ба ҷою манзил гузошта, муҷаррадҳо барин меомаданд, вале ҳеҷ кас надидааст, ки раис муҷаррад шуда омада бошад. Э-э-э, ҳоло гап зиёд; пеш аз ин колхоз раис дошт. Ў гумон дорад, ки бе ҳеҷ гуноҳ ўро аз кор озод карда, дар қатори колхозчиҳо гузоштанд. Ва ў ба каси дигар кордор нест; раиси навро бад бинед. «Агар ин мардак набуд, каси дигар ғайрат надошт, ки ба ин колхози кўҳпора биёяд» гўяд. Агар ҳамин зиддиятро занак медонист, намегузошт, ки Мустафо Ҳасанов аз кунҷи сандалии гарм хезад...
...Яку якбора Чорбоғ чунон серғавғо ва чунон сермағал шуд, ки гумон мерафт користон аст. Садои рўди Муғ хеҷ шуд. Гўё ин корро раис махсус кард, ки Чорбоғро як бор ларзонда монад:
ў ҳама трактору мошинҳои кўҳнаро соз кунонда овард ва дар сафи мошину тракторҳои нав гузошта, якбора ба кор даровард.
Онҳое, ки аз ин кор огоҳ буданд, қоил шуданд, онҳое, ки хабар надоштанд, тарсиданд. «Ин раис девона шудааст, бачча барин бозӣ кунад»,— гуфтанд.
Вақти дар колхози «Сарсабз» шудгор кардани замин расид, вале ҳоло дар «Чорбоғ» барф — кўрпаи деҳқон. Заминҳо шаб яхча баста, рўзона об кушода, лой шаванд. Раис ғам хўрад, ки вақт равад, кишт карда нашавад...
Моторҳо баробар хомўш шуданд. Акси овозашон садои тир барин кўҳ ба кўҳ акс андохта, хомўш шуда рафт. Гўё боз рўдаки Муғ ҳама чизро фурў бурд ва болотар садо кард. Вай аз барфобаҳо бузургтар мешуд. Рўз то рўз шўх ва тираю гилолуд мегашт.
Дар ин миён чанд бор дар райком маҷлис шуд, раис иштирок карда натавонист, ба ҷояш парторги колхоз Ҳақназар рафт. Худи раис ба ў бовар карда, мўҳри колхозро дода буд, ки ту одами таҳҷоӣ ҳастӣ ва феълу атвори ҳар касро донӣ. Раис колхозро дар мўҳр ё дар идораи пурдабдаба намедонист, инҳо асбобҳои коргузорианд, мегуфт. Ва баъзеҳо миш-миш карда, ўро «бепарвофалак», «хўҷабеғам» ҳам гуфтанд. Вай, ки мусофир барин дар як хоначаи паҳлўи хонаи муаллимон зиндагӣ дошт. Ҳоло вақти киштукор, ҳамроҳи тракторчиён дашт ба дашту пушта ба пушта гардад.
Мисли агрономи таҷрибаомўзе буд, ки барои кори илмиаш обу хоки ин ҷоро меомўхт. Ў ҳамроҳи тракторчиён хўроки пешин хўрд, баъд болои тахтасанги сиёҳ, ки ҳоло ҳам аз сардии замин офтоб гармаш накардааст, нишаст, ба тракторҳои пуриқтидор нигарист ва болотар, ҷое ки трактор баромада натавонад «Бо-о, парч!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор