Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Шоҳмотбозӣ сар шуд. Амак дуди сигаретро оҳиста ба таги фўки нависанда пуф кард. Ў, ки садои телефону симои он касонро аз назар дур андохтан хост, бештар ба гашти сипоҳу савора диққат дода, дудро пай набурд, вале амак диққат дод, ки шарикбозиаш мушвор бинӣ ҷунбонад.
— Дар куҷо мот кунам?— танг омадани аҳволи нависаидаро дида пурсид амак.
— Дар хонаи шоҳ. Лекин бозӣ якранг шуд.
— Қариб Қўтурбулоқро дида будед.
— Қўрғончаро чӣ?
Онҳо ин номҳои мавзеъҳоро вақти сафар дида, ваъда карда буданд, ки якдигарро мот кунанд, гўё дар ҳамон ҷойҳо мот кунанд ва ҳамин ки сухан аз шоҳмот рафт, ин номҳо сари забон буданд.
— Ин қадар шуморо телефонборон кунанд?
— Телефон кунанд, лекин муроду мақсад маълум не... Ҳарфҳои мутантан, ки ман онҳоро бо кор, ё бо ягон чиз таъмин мекарда бошам... Ба ман чӣ хушомад мезанед? Танқидатонро давом додан гиред.
— Ғаразашон дигар чиз — «Деги калон».
— Деги калон? Кадом деги калон?
— Гўё шумо бо ҳамин ном повесте навиштаед... дар бораи савдогарон ё кормандони соҳаи савдо.
— Яъне, ғараз ин ки дар ин хусус нависам?
— Ман ҳам ба касони пурсида гуфтам, ки ин хел чиз нанавиштааст, онҳо гуфтанд, ки навиштааст, дар телевизор гуфтаанд, онҳо хоҳиш кардаанд, ки аз он чиз даст кашед, агар чоп шавад, хубӣ наорад.
— Шумо чӣ гуфтед?
— Гуфтам, ки ба нависанда инро навису онро нанавис, гуфта намешавад... Шах! Мот!.. Э-э, боз роҳаш будааст-дия?
— Ана ин мот! Ё фарзин, ё мот.
— Марҳамат, фарзин аз шумо.. Лекин ба инаш чӣ мегўед?
— И-ӣ-ӣ, мот мешудааст-э...
— Бинед-дия, биринҷатон обро бардорад, нависед... Лекин таъкид ҳам карданд, ки бо савдогарҳо шўхӣ накунанд; кори онҳо ҳама вақт таваккалӣ: донанд, ки имрўз ё фардо ба дом афтанд ва дидаю дониста ҳар корро кунанд...
— Медонам, ман онҳоро нағз омўхтаам, ҳатто яке гуфт, ки савдогар, ҷояш ояд, ҳазор он тараф истад, миллионро дареғ надорад... Маълум мешавад, ки мо миллионер ҳам дорема?
— Дорем-дорем... фақат миллионер дорем, дигар касе надорем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор