Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳамроҳи занаш масти хоб буд. Худро ба болои ў ҳаво дода бўсиданӣ шудам. Вале дилам якбора сахт шуд. Ваҳшигиам омад. Ўро бо пошнаи камон ҷунбон-ҷунбон кардам. Аввал ҳис накард ва якбора ҷаҳида хест. Тарсида хест. Занаш фарёд зад.
— Ҷим, янга, ҷим, ин ман, Рауф, — гуфтам.
Вале онҳо хоболуд буданд ва тарсида чизеро нафаҳмиданд.
— Аз куҷо пайдо шудӣ, ҳаром? — бо алам ва бо нафрат гуфт бародарам.
— Раис, ба ман пул лозим, — гуфтам ба ў калимаи бародарро фаромўш карда.
— Ба ту пулро нишон медиҳам, — боз дўғ зад ў ва бархост, ки маро занад. Вале ман худро назди дар гирифта камон ба ў рост кардам. Вай аввал ҳазл дониста аз дўғ нафаромад. Ман затворро кашида пеш бурда будам, ки дар ҷояш шах шуд.
— Пулро барор! — дўғ задам ба ў.
— Пули чӣ? — ларзида гуфт ў ва занаш болои бистар нишаста буд.
— Пул диҳӣ, ман гашта равам.
— Аз кучо ёбам?
Ман ҷои пули ўро медонистам, чунин ҷавоб додам:
— Сандуқро кушо.
Дар равшании моҳтоби тирамоҳ дидам, ки ў чун ларзид. Дилам сўхт, вале қасди ўро ба хотир оварда боз бераҳмтар шудам.
— Зудтар, дер нашавад!
— Куҷо равӣ?
— Кори ту набошад. Пулро зуд барор!
Ў сандукро кушода, аз даруни чойник пул гирифта, ба ман дароз кард.
— Не-е, пулҳои дарзаро.
Ман он лаҳза ваҳшитарини ваҳшиён ва золимтарини золимон гашта будам. Ў боз ларзида-ларзида, хам шуд ва аз зери матоъҳо дарзаи пулро бароварда ба ҷои ишоракардаам – рўи сандалӣ монд.
— Акнун сару танатро ҳам ин ҷо мон, мебинӣ, ман бараҳнаам, раис!
Аз муомилаи сард ва ваҳшигарии ман ў ба хашм омада буд.
Мехост камони сари мехро гирад, вале фурсат наёфт. Ман доноӣ карда, тиркаши паҳлўи камон овехтаро гирифтам. Мўзаи ўро ба по кашидам, либосҳояшро зери бағал зада, аз дар баромадам ва зуд паси хона шудам. Ончунон тез рафтам, ки дар як лаҳза аз деҳа берун шудам ва боз ба кўҳ часпидам. Як назар рўи гарми модарамро дидан хостам, вале ваҳму ҳаросеро ҳис карда, зуд гурехтам.
Дар паҳлўи харсанге либосҳоро пўшидам. Пулҳоро дар кисаҳо ҷо кардам ва чакмани аз чирку арақ мисли чарм сахтшударо паҳлўи харсанг монда боз ба дуродур рафтам. Офтобзард дар камари кўҳ ҷо шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор