Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Он қадар «муташанниҷ»
гашт кор, ки ба беморон ҳам «сабри ҷамил» орзу мекарданд. Бало танҳо намеояд; шикаст андар шикаст барин. Ҳолиё сабри ҷамил дар хонадони Қаҳрамон пайдо шуд. Ба писарон чунин орзу мекарданд. Духтарон чӣ кор карданашонро медонанд; ҷуз доду фарёд: «бе шумо ман чӣ кор мекунам?» дигар чизро намедонанд.
Нагўянд ҳам намешавад, механданд ҳамдиёриёни дунёбехабар, ки гўё дилаш ба падар намесўхта бошад… Бад, бисёр бад расми омўхтаашон, одати бад. Дар зиндагиаш хабар нагирӣ, баъди мурдааш чун комиссиюн ташвиш диҳӣ мурдаро. Ягон камбудӣ шавад, механданд мардум; ба падараш насўхт мегўянд… Аммо баъд Ҳоҷӣ Маҳмудро таъриф мекунанд, ки гиряро манъ кардааст баройи мурда; сонӣ мегўянд: «Хайр, падараш дар баччагиаш мурда буд, гирист ё на, касе ёд надорад; аммо дар мурдайи модар нагирист, дар мурдайи хоҳар нагирист, дар мурдайи бародар нагирист… Чӣ хел одаманд инҳо? Худи аз Осмон фаромада бошанд. Хайр, овоз набаровардӣ, ақаллан оби чашмат барояд. Не-дия…» Дилсўзиро дар ҳамин овозу оби чашм медонанд онҳо… Ҳукумат дар нигоҳ доштани мурда медонад, баъзеҳо дар «сабри ҷамил». Мо кай якдилу якният мешуда бошем, Худоҷон?!
Нашуд, намешавад…
Мушкилоти дигар пайдо шуд: мурдаро бо костум гўронем ё бо кафан? Ҳал намешавад масъала. Мо ягона нашудаем-ку! Исломиҳо дигар хел фикру андеша доранд, демократҳо дигаргуна. Кафану костум ҳеҷ дар гўр соз нагирад бо якдигар. Эҳтимол кашу пархош карда якдигарро дарронанд андаруни гўр. Он гоҳ… он гоҳ… Надонам, ки чӣ шавад… Шояд мурда чашм кушода, ҳамаашро бинад ва… Ё пурсандаҳо ин мўди навро дида ҳайрон гарданд…
Ва аммо мурдашўйҳо чашмдоранд, то киро насиб шавад ин костуми нав? Нэээ… Шумо маро айб накунед, маломат накунед, чунин ҳам мешавад:? Баъди ҳафт, ки ғассолҳоро розӣ кунонданд, сонӣ миш-миш мешавад, ки кадом либосро ба кӣ медоданд; фулонӣ сари дил дошта буд, бисмадонӣ шуста буд, фулонӣ об рехта буд.
Бояд инашро ў мегирифт, аммо хешутаборчигӣ шуд; фулонӣ, ки пушту паноҳ надорад, либоси кўҳнаро ба ў доданд. Ин баройи либоси мурда. Баройи чизи зинда чӣ гуфтаниҳое ҳаст, ки андеша бикунӣ ва аз паси он биравӣ, олам вайрон мегардад.
Баъзе фарзандон розӣ нестанд ба чунин маросим, чунки дер хабардор шуданд соҳибони одаму олам. Аммо дар ягон замон бар зидди кору кирдори ҳукуматдорон баромадан нашавад. Зеро онҳо арбоб ҳастанд. Баъд кас ояндаро андеша мекунад; ояндайи фарзандонро андеша мекунад, ки чӣ мешавад; маломатзада мегарданд ва ҳафт пушташонро бо ангушт ишора мекунанд, ки чунин кас буд; худо нишон надиҳад, ки ба бадӣ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор