Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Росташро гўям, то ин вақт Лоиқро хуб мешинохтаму шуморо не…»
«Бале, одамро дар сафар мешиносанд. Ташаккур ба Раис, ки мани Панҷакатиро ба шумойи Панҷакентӣ шиносонд..!»
Сайдулло Хайруллоев ҳоҷӣ Раҳматуллоро даъват мекунад ва ў пул мебарорад. (Як сомонист ё даҳ сомонӣ, фарқ надорад. Дил эътибор.) Дар саҳни ҳавлӣ ба мўйсафедон тақсим мекунад: «Чой бихўр!» Ман боз ба депутат Ҷабборов Абдусаттор менигарам, ки сиву панҷ сол боз дар хидмат аст: «Ёд гиред,.. Макка чӣ меравӣ, дилеро дарёб!»

Толори қасри маданияти ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз. Ҳама мехоҳанд, ки пештар раванд, вале ман чун одат, хешро пас мекашам.
Пешгардӣ шояд хубӣ дошта бошад, лекин ҷуз нўки туфлийи поят чизеро намебинӣ; он ҳам агар ба замин нигарӣ. Вале аз пас ҳама чиз: рафтор, гуфтор, ҳаракатҳоро мебинӣ; мебинӣ, ки пасравҳо чӣ ишораҳо мекунанд, хам шуда бехи гўши якдигар паст-паст чизе мегўянд; бо ишораҳойи сар радду бадал мекунанд; механданд; якдигарро ангушт ё оринҷ мезананд ва ё аз ҳад зиёд ҷиддӣ мераванд, ки аз ҳаво омада бошанд. Хоксорӣ хуб нест? Ҳама чизро дидану донистан хуб нест?
Толор яқин аз замони шўравист: саҳн дорад баланд. Сақфи толор шикастайи мавҷдор ва зина-зина пушт меравад. Нишастгоҳаш низ, аз они театрҳойи касбӣ барин. Ва ман онро бо «чойхона»- ҳойи навсохт: қасабадори лакзадайи сӣ-чилметрайи кандакорӣ ва қабзафурўмон муқойиса мекунам; хулоса мебарорам, ки халқ чӣ қудратҳо дорад? Хоҳад, ҳама корро мекунад. Ҳашари халқӣ ҳама гуна биноро обод карда метавонад…
Депутатҳо бекоғаз сухан мегўянд. Зеро Раис таъкид карданд:
«Ончунон хондеду гуфтед, ки ҳофизҳо барин аз ёд кардед. Акнун шифоҳӣ гўед. Шумо говдўшдепутат нестед. Бисёриатон доктор ё номзади илм ҳастед. Худро озод ҳис кунед…»
Ҳамин хел ҳам шуд: равон, шево ва гўё сухан меронданд. Матлабро хубтар мефаҳмониданд. Аз сиёсат сўҳбат кардани ман низ мусаллам набуд. Шоҳномахонӣ кардам. Ба матлаб наздик пора хондам ба лаҳни хеш. Баъд пурсу посух шуд. Ҷавонмарди сиёҳгуни ситорааш гарм аз микрофони толор сухан мегуфт.
«Мусаябе, ки ҷустуҷў доред, ана ҳамин кас!» Садойи Раис, ки гардан тофта ишора ба ман мекунанд.
Оре, Мусаяб сухан мегўяд. Духтур. Ва хаёли ман ба давраҳойи ҷавонӣ меравад, ки ҳамроҳи Лоиқ бо як гурўҳ ҷавонони хуби ғармӣ: Зафар, Ҳисорӣ, Меҳмон, Диловар, Абдуҷаббор, Мусофир ва албатта, акайи Ашўр ва бисёр касони дигар дўст ва нону намакхўр будем; Мусаяб аз он қабил. Аз Ғарм ба ман ниҳоли ноку нўшпўттӣ мефиристод, ҳама мурўди сабз мебастанд. Ман ба андеша рафтам.
Баъзе суханони Раис парешон ба гўшам расид:

пешина
аз 393
навбатӣ