Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё худ ҳангоми дар хонаашон буданам завҷаам ба ман занг зада гуфт, ки писарат бемор шудаст, зуд расида биё! Ва ман расидаму духтур даъват кардам ва ҳашт дақиқа дар қабулгоҳ умр дошту зери сўзандору ҷон дод. На! Ин чизҳо ба сафари мо созгор набувад…»
— Сухан ба шогирди устод Боқӣ Раҳимзода, нависанда Сорбон!
– садойи раиси ноҳия Муҳаммадшариф.
— Аз дарайи Камаров, аз дарайи Камаров, Анор овардам-э, Анор овардам-э, Анорҷон, Анорӣӣӣ… – Ба ҷойи салому калом чунин сар кардам. Дидам, ки ягон ҷунбиш ё лабханд нест, идома надодам. Раис ҳам як ҷунбида монданд. Мўйи сари кўтоҳи якзайл қайчизадаро чун одат силаву кафмол карданд ва нўки биниро гўё мепучида бошанд, бо ду ангушт палмосиданд. Муҳаммадшарифи раис сурх шуд ва рўяшро аз офтоб бо рўзномае соябон кард. Сурудро қатъ кардам: – Ман шогирду ҳамкори устод Боқӣ Раҳимзода. Аз эшон ғайр аз эҷоди ҳалол боз одамгарӣ, муҳаббат, дўстиву рафоқат ва инсонгарӣ; панду андарз омўхтам. Дар вуҷуди ман чунон ҳисест, ки бори дигар ба хонайи устод омадам. Шуғли устод «кор бо ҷавонони эҷодкор» буд. Ҳар чӣ мо менавиштем, аз назари таҳрири устод мегузашт… Устод дар сари минбарҳо пайдо гарданд, сухане нагуфта мардум завқ мебурданд ва хушҳол мешуданд. Мегуфтанд: «Хоб дидам, ки домани бузургвореро сахт доштаам, то маро ба мақсаду мурод расонад. Бедор шудам, ки домани хешро сахт доштаам». Баъд ба маънийи кас бояд «пир»
дошта бошад, илова мекарданд:

«Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ муллое нашуд Мавлойи Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.»

Агар мо шогирдон ба ҷое расида бошем, аз шафоат ва кўмаку дастгирийи устод Боқӣ Раҳимзода бувад.»
Чанд даст дилу нодилон каф кўфтанд ва ман ҳайрон мондам.
Баъд, дар омади сухан, Раис Сайдулло Хайруллоев шарҳ доданд:
«Устод Сорбон, давлататон омад кард: агар худи Боқӣ Раҳимзода ин сурудро месаройид, ҳама ё хеста мерафтанд ва ё ба сараш шўр мебардоштанд. Ҳама аз ин суруд қимобанд.» Аммо сабаби қимобиро шарҳ надоданд.
Лангари шоҳ. Ин пагоҳ ман ба сўҳбати Раису дўстонашон гирифтор шуда, ду чумча асал хўрдам ва гулмоҳӣ. Гоҳе ки сўйи Тоҷикобод сафар мекардем, дар бардорузани мошин дилам беҳузур шуд ва натавонистам иштирок кардан дар мулоқотҳо.

пешина
аз 393
навбатӣ