Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Норинҷ (норанг, - афлесун.). Зодгоҳи Восеъ.» Садойи ронанда.
Ман таваҷҷўҳ мекунам, ки ў роҳбаладӣ карда метавонад, ақаллан номи деҳаҳоро мегўяд. – Восеъи хурдсол бо ҳо он дара рафта, то Ховалинг расида буд. Баъд тасвири ин дара ва рафтани Восеъи хурдсол бо азоб ҳамроҳи модараш аз китоби устод Улуғзода ба хотирам меояд. Норинҷ дар он сўйи Хингоб. Дар забзаву шукуфа ва рустаниву дарахтони сарсабз ғарқ аст. Деҳайи хурдакак, вале хеле зебо. Ва якбора танки сари роҳ ҳама ҳаловату лаззати аз табиат бардоштаамро мунағғас месозад. Танки бузурги ба назар чун кўҳ сангину вазнин дар ними роҳ зангзада мехобад. Тасмачархаш ба замин аз гаронвазнӣ фурў рафта ва мили дарозаш ба баландӣ дакка хўрда меистад. Мазмун, як вақтҳо ин мил роли ғавчўбро мебозид ва ҳар мусофирро убур кардан намегузошт. Бисёр чизҳо, воқеаҳо, фоҷиаҳо, кушторҳо, таъқибу таҳдидҳоро ёд меорад. Ёд меорад аз ҷанги номатлуб ва касро ҳушдор месозад, ки замоне ин оҳанпо «ҷон» дошт ва аз ҷафойи зиёдаш беҷон гашт. Аммо то истода хуб муойина ва таҳқиқ накунӣ, намефаҳмӣ, ки аз кисту онро кӣ беҷон гардонидааст. Болотар меравӣ, хурдтар аз он МТР ва дигар мошинҳойи сўхтаву зангзада, сари роҳ, зери дарахтон, миёни боғот, лаби ҷару сари роҳ гузаргоҳро танг гардонида нишоне аз кадом замони номатлуб, нохуш ва нораво боқӣ мондаанд. Арабинавишт низ доранд баъзе: «Бо артиши Ҷумҳурийи Тоҷикистон», ки ҳоҷат ба аёну баён намемонад. Сахт мерасад ба каси ҳушдор ва бофаҳму бохирад. Ва тамоми таърихи башар ё сарнавишти тоҷикон ёд меояд, ки моро чунин ҷой кардаанд дар кўҳу камар.
Агар бегона то бехи кўҳ, то саргаҳи рўдобҳо, то зери пирчу камар, то ғорҳо, то вартаҳо, то хафоли даррандаҳо, то лонайи уқоб ҷой карда натавонист, худиҳо карданд ин корро. Қисмати тоҷик аз Азал, аз Рўзи Бино… то охири асри Бист чунин будааст. Аз Азал то Аҷал ба касе ҷафо накардааст, хуни халқеро нарехтааст, аммо бар ў ҷафо кардаанд, хунашро зиёд рехтаанд; қатаған кардаанд.
Роҳи азоби ў аз Азал то Аҷал тўлонӣ буд чун роҳи Тавилдара; ноҳамвор, пуразоб, пурфароз, пурхам; миёншикан, зонушикан, обиласоз, нафасгардон, дамгир…
«Ин деҳа Косагардон ном дорад. Дар болотари он чанд хона, ки метобад, зодгоҳи Сангак…»
Аз пас якбора чароғҳойи корвони мошин фурўзон мегардад ва пардайи сиёҳи шом фаро мегирад дараро ва сари қуллаҳойи баланд ситорагон метобанд. Дигар тамошо карда намешавад. Садойи Хингоб ҳам аз қаър то ба мо намерасад. Садойи мошин меояд ба сони пирмарди ба фарози зонушикан зўрзада. Гўё дигарон хобанд ва ман ба хаёл меравам: «Магар ба дунё омадан чӣ маънӣ дорад? Агар чунин рўз, ки ҷадди мо дид, бобойи мо дид, падари мо дид, мо дидему мебинем… рўз аст? ва Худованд онро баройи мо офарида, чаро хубашро наофарид? Ё ў хубашро офариду мо дида натавонистем ва ё дидан нахостем, ба чунин ҳолу рўз бадал кардем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор