Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва рў ба рўйи шахкўҳ истода ва сар боло карда ба он тор менигаранд ва қиссайи «Тамара»-ро мегўянд.
Вале ҳуши ман ба қиссайи «Марям»: «Чӣ хел аз ҷафойи хешони шў девона хонданд ва ба девонахонайи ин ҷо оварданд… Вале мурдаву зиндаашро касе намедонад…»
«Устод Сорбон, сардухтури девонахона ана ҳамин кас!» садойи ронандае, ки дар роҳ маро ваъда карда буд бо духтур шиос кунад.
Ҷавонмарди болобаланди солим ва варзида метобад.
— Тақрибан солҳойи шаст як духтарамаки маро аз Панҷакат ба девонахонайи занона оварда буданд. Номаш Мория. Қоматбаланд.– Баъди салому алейк ва пурсу пос фаҳмонидам ба ў. – Тақдири ўро донистанӣ шудам.
— На девона монду на девонахона… Баъди ҷанг зинда мондагонро ба Кўктош фиристодем. Мория дар ёдам нест. Лекин як Марям буд, қоматбаланди сиёҳфом, соли ҳафтоду ҳашт мурд…
— Таърихи касалиаш ҳаст?
— Эээ… Ин ҷо як воҳима шуд. Шағол ба мурғхона даромадагӣ барин… На девона монду на девонахонад… Ана ҳо он командир хуб медонад…
— Ҳамон Ҷўрахон? Ҳамсафари мо?
Ман таваҷҷўҳ мекунам. Вале Ҷўрахон аз ишорайи доктор чизе пай бурд, ки табассум кард ва «Баъд…» гуфт.
«Бо Ҷўрахон шўхӣ накунед, мўйи сари одами аз кўрпааш беш пой дароз кардаро метарошад!» фармуд касе ва ман дида ба Ҷўрахон дуру дароз дўхта, тааҷҷуб кардам. Ин боз аз ҳамон ҳазлҳойи депутатона, ки худашон мегўянду мефаҳманду механданд. Аҷаб касони вақтхушанд ин намояндагони мардум. Ҳоло гом мезананд дар кўчаҳойи шаҳрак сўйи рўд ва ман аз онҳо қафо монда, ба таври хеш тамошо мекунам: сари деворҳо гул мекоранд ин мардум.
Дар сангчинӣ баҳо надоранд; гул баровардаанд аз санг ва сари деворҳоро нова кардаанд; хок рехта гул мекоранд. Ин ҳам ҳунар; боз аз он ки оби равон ҳаст…
Боз рў ба рў бо мардум меоянд депутатҳо ва Сайдулло Хайруллоев мепурсад баъди дар толор ҷой шудан ва мардумро аз назар гузаронидан:
— Кадоматон ҳаҷ рафтед? Карим рафтӣ?
— Не!
— Пеши ана ҳамин Зокир Вазиров биё, як путовкат медиҳад, меравӣ. Агар ўро наёфтӣ, пеши худам биё… Тағйироту иловаҳоро хондӣ, албатта… Хондӣ. Мақсади сафари мо ҳам ҳамин, ки шумо бифаҳмед, баройи чӣ овоз медиҳед.
Олимов Миралӣ: «Мўҳтарам Сайдулло Хайруллоев чанд сол муқаддам гуфта буданд, ки ҳеҷ чиз ваъда намедиҳам, вазъ нобоб, ба Тавилдара рафта намешавад. Бинед, ҳоло чӣ мегўянд..»

пешина
аз 393
навбатӣ