Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ту низ хуб донӣ, ки беҳтар аз ман касе дилу нияти туро фаҳмида натавонад. Лекин ба ин чиз эътибор надҳӣ; рафтори ман барои ту нохуш нест ва ман ҳамин чизро дониста коре накардам, ки ба шаънат иснод оварда бошад ё мехоҳӣ, ки аз ин ҳам зиёдтар гирифтори андеша гардам, мехоҳӣ, ки мисли занҳои дигар ба рўят давам? Не. Ту ин чизро нахоҳӣ ва донӣ, ки ин хел намешавад... «Хайрият, ки ту зани Соҳиб барин не» гуфта будӣ – аз ёдам нарафтааст... Ман қадру қимати туро донам ва худро низ беқадр нашуморам, Ромиз...»
— Ту ба ман гап задӣ, Саида?
— Не.
— Андешаат гапзадаро монад..
Ромиз хафа шудани Саидаро пай бурд, вале чизе нагуфт. Ҳамин вақт аз беруни дарвоза садое омад, ки Ромизро ҷеғ мезад. «Нест, Ромиз нест» садои Хуршедро шинохта ҷавоб дод Ромиз ва Саида тохта ба кулба даромад.
Хуршед даричаи дарвозаро тела дода даромад ва аз паси ў Соҳиб дохил шуд.
— Иҷора кофта гаштем, – баъди салому алейк ва пурсупос изҳор кард Хуршед, – Барои мулло-Соҳиб.
— Зандор безан, мошинсавор пиёда, хонадор ломакон шавад, аз ин рўзи сахт ҳаст? – табассум карда гуфт Ромиз. – Албатта барои мошин будагист?
— Барои мошин. Ҳамон рўз гурехтӣ, ғайрат накардӣ, ки бо янга рў ба рў шавӣ, – изҳор кард Соҳиб.
— Сари ҷаҳл, акаи Соҳиб, ду-се рўз гузарад, янга ҷуста меоянд...
— Не, Ромиз. Қавли ў қавл аст... Коргарони гастроном дар наздаш дир-дир меларзанд.
Ромизу Хуршед ба ҳамдигар нигаристанд; аз дилашон ҳар чӣ гузашт, худашон донанд, вале ба Соҳиб чизе нагуфтанд. Балки Хуршед сухани дар роҳ гуфтаашро такрор кард:
— Ба шумо гуфтам-ку, ҳамааш хуб мешавад... Як бор бахшиш мепурсед, вассалом...
— Не, Хуршедҷон, ту ўро намедонӣ, касе бо собуни ў ҷомашўӣ накардааст, намедонад.
Ромиз шаби бўрёкўбон, шаби Соҳибро то хонааш гусел карда аз янга чӣ гап шуниданаш ва қиёфаи янгаро ёд аварда «ҳааа»
гуфт ва тохта аз дарвоза баромада дар як лаҳза ду «шиша» овард.
«Марҳамат ба хонаи Мулло-амак!»...
Ромиз боз раҳимӣ мекунад, дилаш ба Соҳиб сўзад, нахоҳад, ки сарсон шавад. Мулло-амак ҳам ҳамин хел – раҳмдил. Мехоҳад, ки Ромиз ҷўраҳояшро гирифта орад, шинанд, сўҳбат кунанд, баҳри дили пирамард кушода шавад, вале Ромиз истиҳола мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор