Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа
РОМАН АКТЁР
Ба ёди Маҳмуди Воҳид.
«агар мо ҳама чизро дар хусуси инсон медонистем – ҳоҷати китоб навиштан, ҳоҷати бо илм машғул шудан ва ҳоҷати баҳсу мунозира кардан набуд».
(Ю. Бондарев, «Соҳил»)
ДАР ҶУСТУҶЎИ ХУД
ҚИССАИ АВВАЛ
Хоҳӣ, то марг наёбад туро,
Хоҳӣ, к-аз марг биёбӣ амон,
Зери замин хезу нуҳуфтӣ биҷўй,
Пас ба фалак баршав бе нардбон.
Рўдакӣ
Дар зиндагӣ на ҳар кас худро ҷўяд: ашхосе, афроде, ақалияте ва аксарияте пайдошаванд, ки зарҷўӣ кунанд, пайҷўӣ кунанд, гумҷўӣ кунанд, аммо худро гум карда бошанд ҳам, ҳаргиз наҷўянд ва ё пай набаранд, ки худро гум кардаанд ё пай баранд ҳам, худро ба нодонӣ зананд ва пиндоранд, ки гум нашудаанд – вуҷуд доранд.
Ба ақидаи хоми чунин касон аз модар омадан ва бар хок шудан зиндагӣ кардан аст. Барои яке шикам бузург кардан, барои дигаре мағзи сар об кардан, барои саввумӣ сар бохтан ва ғайраҳо зиндагист. Ва боз касоне ҳастанд, ки зиндагиро дигаргуна фаҳманд: ба дунё омада коре, хидмате, амале, ҳунаре карда аз худ ёдгор гузоранд. Ва Ромиз аз байни чунин фардҳо аз ҳама ба онҳое нафрат дорад, ки дунёӣ ғун доранд ва мавҷудияти оламу одамро дар ҳамин донанд. Ромиз боз беҳунари худнаморо бад бинад ва боз онеро, ки миёни мардум дасисаҳо кунад. Ва аз ҳама бештар касеро эҳтиром дорад, ки худро – кӣ будану чӣ будани худро донад, набудан ва ё гум шуданро фаҳмад ва дар ҷустуҷўи худ шавад. Ромиз боз ба кирдори касе ғаш кунад, ки худро нашинохта, ба дигаре баҳо диҳад; мисро аз тилло, шарбатро аз асал,... бадро аз нек фарқ карда натавонад. Барои ин чиз фаросот лозим; фаросот бо гуфтан ва ё бо тавсияву ба сари касе бор кардан пайдо нашавад. Чунон ки ақл модаровард, фаросот ҳам модаровард аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё