Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Яқин кард, ки мо хуфтаем, ба по шуд. Кўрпаро то зери манаҳи мо пўшонд. Поёни по гузашта боз истод ва баъд оҳиста дарро кушода, баромад.
— Ако... Ако!
— Чӣ мегўйӣ?
— Додом...
— Дидам.
Ва дами ман дарун зад. Наход ҳамайи инро бародарам дидаву дониста чун ман гунгу кар шуда бошад. Ва ман андешайи худро баён кардам:
— Ҳуснатро ёд кардааст. Назди онҳо рафт. – қасдан модарамро нагуфта, Ҳуснат гуфтам.
— Ту ҳоло кўдак, ин чизҳоро намефаҳмӣ.
— Чиро?
— Ба хонааш рафт.
— Ба хонааш? Чаро моро набурд?
— Мумкин не...
— Чаро?
— Мумкин не, гуфтам, мумкин не! – сари ҷогаҳ хеста дод зад бародарам ва алам аз ман ситониданӣ шуд ва магар ҷойро бегона донист, ки зуд хомўш монд ва дигар садое набароварда хобид.
— Не, назди очам рафт, ако.
—...
— Назди очам...
—...
— Назди очат бошад, назди очат!
Аламам зиёда гашт аз ин ҷавоби бародар ва шишайи тафсидайи чароғ барин, ки об расида бошад, кафидам. Гиристам.
— Ту мардак-ку, Лоиқ. – аз карда пушаймон маро ором доштанӣ шуд бародар.
Ва акнун кўфти роҳ ғолиб омад: ғанаб бурд. Ва сиёҳийи тори сар пайдо шуда маро бедор кард. Касе ончунон ки ором аз байни мо хеста буд, ҳамчунон хобид.
Субҳ надамида дари хонаро касе кушод ва садойи модарам омад:
— Лоиқ! Хезед, мебуравем!
Ҳама хомўш будем. Падарам низ чизе нагуфт. Гумон кардам онҳо маслиҳат кардаанд, аз ин рў падарам чизе намегўяд. Модарам боз такрор кард хоҳишашро. Ва ман аз зери кўрпайи гарм хестанро ҷабр медонистам дар ин саҳари зимистон ва гуфтам:
— Як дам хоб кунем, оча...
— Сер шудӣ, бас! – киноя буд. – Мебуравем. Роҳамон дур.
Очайи рамузфаҳму сухандонам бо ҳамин ҷумлайи кўтоҳ дил холӣ кард. Ман донистам, ки тираш хок хўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор