Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман танҳо ба танҳо бо ҳар кадом сўҳбат карда будам, аммо якҷоя саргузашт гуфта қиссаҳоро комилу пурра гардонидани онҳоро бори аввал медидам. Ба ваҷд меомадам ман ва хоҳише кардам:
— Лоиқ, чӣ шавад, агар ако ин ҳикояҳоро бинависанд?
— Хуб мешавад, лекин медонед, ки ин кори ако набувад. Ако хуб медонанд, шумо хубтар менависед.
— Чӣ шавад, агар худи шумо нависед?
— На. Наср навиштан кори ман нест. Ҳар кас аробайи хешро бояд бикашад.
Ва чаҳорчархайи мо пули оҳанини Зарафшони пургилу хингу регафшону зарфишонро убур мекунад. Ба ранги об, ки ҷо-ҷо мисли садбарги шукуфта ҷўш зада паҳн мешавад, чашм андохта, шўри онро дида, сар ба сангҳо зада шориданашро мушоҳида карда, ёдам ба китоби муқаддас «Библия» меравад, ки дар боби «Ҳастӣ»
зарафшонийи ин наҳрро ёд мекунад:
«8. Ва Худованд Худо боғе дар Адан ба тарафи машриқ шинонд; ва он одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт.
9. Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхўрро ва дарахти ҳаётро дар васати боғ ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рўёнид.
10. Ва наҳре аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд.
11. Номи яке Фишўн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад.
12. Ва тиллойи он замин хуб аст; дар он ҷо самғи хушбўй ва санги ҷазъ мавҷуд аст.
13. Ва номи наҳри дуввум Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
14. Ва номи наҳри саввум Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқийи
1 Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст.»
Ҳикоят мекунам пулро гузашта. Ва ако сар байни ду курсийи пеш оварда, мефармоянд:
— Фишун ҳаст дар ин водӣ. Дар миёни деҳайи Амондара ва Ёрӣ. Сойи Фушун ва кўҳи Фушун дорад. Шояд аз он замон ин ном монда бошад. Бо афшон соз мегирад.
Ако саводи академикӣ надоранд, аммо аз рўйи зеҳн ва занн бисёр чизҳоро яқин ва наздик дарк мекунанд.
— Хуш фармудед, ако. Боре ман ин чизҳоро ба устод гуфтам.
Хеле сукут карданд, сар афшонданд ва дасташон бозӣ кард ва гуфтанд:
— Бояд омўхт... Лекин гўям, ки тахминҳоятон чун эҳтимологияйи Алимшо.

  1. Библия, Ҳастӣ, саҳ. 17.
пешина
аз 428
навбатӣ