Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд ба шарафи садсолагийи ҷашни бузургдошти шоир ин роҳ обод гардад.
— Чашмам намерасад. Тоҷикистон вомдор аст. Он вомҳойи хориҷиро бо чӣ пардохт мекунад, кас намефаҳмад.
— Бо мағз об кардани ману шумо ин чиз сомон напазирад.
Олимони иқтисоддон зиёданд, шояд роҳи ҳаллашро ёбанд. Обу санг дорем, аз ҳарду ҳам истифода бурда наметавонем. Обро бинед, аз фарқ то пояро бурида зертар меравад ва мо дар баландиҳо лабташна чунон ки нохудо дар уқёнус.. Дар ҳама рустойи ин водӣ баройи об ҷангу хархаша. Ҳатто колхоз бо колхоз, маҳал бо маҳал, ҳамсоя бо ҳамсоя.
— Об дар кўзаву мо ташналабон мегардем. – Аз миёни халқ буданашонро собит мекунанд Қоришариф ва меафзоянд:
1 «Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанўз.»
«То Осмон паридаму по дар гилам ҳанўз.» – илова мекунам ман ва шарҳ медиҳам: Ҳар гоҳ ки Афзалшо ин мисраъро мехонад, устод миёни сурўд садо мебароранд ва дастҳо сўйи осмон боло шуда меафзоянд: «Косманавтика, косманавтикаро расво кардагӣ.
То осмон рафтему ҳолу аҳволро бинед! Ба аҳволи мардум мурғони ҳаво мегирянд...» ва баъзан хориашон омада мегирянд: «Сад ҳайф аз буди ману сад ҳайф аз нобуди ман!»
— Дада, бинед, кадом мошин сахт зада равғанаш рехтааст.
Бечора.
Дар хамгашт мошине истода айнан мошини мо. Ронанда даст бардошта мепурсад: «Равған доред?» ва Қоришариф, ки мошинро хуб медонанд, аз ў мепурсанд: «Картер кафида бошад, аз равған чӣ суд?»
— Бинем, мотор аз кор баромадааст ё...
— Не, бародар. Ё картерро иваз карда баъд равған меандозӣ ё вазза карда мебарӣ. Агар дар гиронӣ, мотор аз кор мебарояд.
— Равған ҳаст. – гуфтам ва Ҷовидонро фармудам, ки чобаро бардошта орад.
Он марди галстукдор пул дароз кард ба ман. Табассум карда даст пеши бар бурдам ба таъзим ва он одам ҳайрон шуда гуфт:
— Ҳанўз ҳам касони замони Шўравӣ будаанд-дия. – ва афзуд:
– Рақами мошинатон рақами Душанбе, иншооллоҳ пайдотон мекунам.
Ва раҳораҳ мулоҳиза мекардам, ки чӣ замоне буд, даврони Шўравӣ, ки гоҳ-гоҳ мардум ёд мекунанд ва аҳди коммунистиро бартар аз истиқлолият медонанд. Шояд бартарӣ дошт, лекин баройи кӣ? Баройи мани бепартиявӣ он замон ҳам мисли имрўз буд. Зеро ҳолиё низ ба ягон ҳизб мутааллиқ нестам ба ҷуз ҳизби худаш. Он замон ҳам ба касе хушомад намезадам, ин замон ҳам

  1. Аз Лоиқ.
пешина
аз 428
навбатӣ