Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Сўттайи дасти нозири роҳ паст шуд ва даст ба чакка бурда, сипосгузориашро ифода кард ва фармуд:
— Мошинро дигар кардед, нашинохтам...
— Лекин шумо бо ҳамон мошин.
— Саҳл монд, ба наздикӣ дигар мешад. – кинояйи маро нафаҳмида гуфт ў ва боз даст ба чакка бурда бо мо хайрухуш кард, ки мо низ аз ҳамкасбонашон бошем.
— Ҷовидон, дадет пўсти ин тойифаро дар чармгарӣ мешиносад,
– андак хешро ситойиш кардам, ки ғайри одатам буд ва афзудам:
– Инҳо боре маро дар шаҳри Панҷакат доштанд. Рақами мошинро баройи ранг дода будам ва то назди Саидҷон чоштхўрӣ мерафтам.
Турк часпид ба ман, ки мошинро ҳабс мекунем. Ҳарчанд гуфтам, ки ман меҳмон, фалонӣ, нафаҳмид ё фаҳмидан нахост ва ё чизи дигар мехост.
— Ҳамин гуноҳи ман ба чанд пул меарзад?
— Ҳисоб надорад, меҳмон. Ман бо пул рутба гирифта наметавонам, шояд бо ин кор...
— Маро ҷавоб деҳ, ман мегўям рутбаатро баланд мекунанд.
— Шумо баринҳоро мо бисёр дидагӣ.
— Лекин ман туро бори аввал мебинам, бачча...
— Ман аз баччагӣ гузаштагӣ, чӣ кор карданамро медонам, гапатонро дониста занед.
— Ман ба сухан усто нестам. Бисёр доно метобӣ, бишин, ба ҳабсхона бубар... Не, ман мошинро ба ту намедиҳам. Шин ҳамроҳи ман. Куҷо барам?
— Мо-да ҳуқуқ додай, ки шумора то плошадка барем.
— Вай мебурдагиҳойи ту дигар. Бишин, ман туро барам.
— Ҳўй, дарози беақл! – садо кард соҳиби «жигули» ва идома дод: – Ту соҳиби рутба шуданӣ, боз аз нони даҳонат намонӣ!?
— Не, ман ин меҳмона плошадка мебарум...
Баъд кори лоиқона кардам: мошинро газ додам, то назди Шўҳрат ва гуфтам аҳволро. Баъди он дигар «дарози аҳмақ»– ро дар роҳҳо надидам.
— Ин хел корҳо мешаваду лекин чунин тозашавийи роҳ кори хурд нест. Гуфт-ку, камакак монд. Мошини нав гирад, бас мекунад.
— Не, ако, ин кор дар хунашон ҷой шуд, дигар то сарашонро нахўранд, қарор намеистанд. Баъди мошин бояд қаср созанд... Аз куҷо мешавад? Ба қавли Бедил:
«Кисайи ҳеҷ кас надид пурӣ,
То накард ихтиёри кисабурӣ».
— Ҷовидон, хобат набарад! Баъзе чизҳоро ман бигўям, ту дар ёд бидор. Ва Ҷамшед бояд дар ёд дорад. Ин чизҳоро ако медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор