Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо ҳама хушхон будаед, ба факултайи математика ва физика ҳуҷҷат супоред.
Ҳама моту музтар мондем ва гуфтем: «Мо бояд ба факултайи ховаршиносӣ дароем.»
— Баумед нашавед, конкурс калон. Ба ҷойи як нафар бисту панҷ кас ҳуҷҷат супурдаанд.
Вале касе бехгўшӣ кард: «Ҷой пур. Ҳама фарзандони шишкаҳо».
Ва мувофиқи хоҳиши дил ҳуҷҷатҳоро ба факултайи таъриху филология супоридем. Қосимбеку Муҳаммадқул ба факултайи ховаршиносӣ. Бозорбой Тилавзодаро рўзи имтиҳон он ҷо дидем.
Намедонам моро шинохт ё на. Хулоса: Абдунабӣ чаҳор панҷ гирифт, ман се панҷу як чор гирифтам, Лоиқ ду панҷу ду чор гирифт ва аз конкурс нагузашт. Қосимбеку Муҳаммадқул як хел иншо
1 навиштаанд. Комиссия хулоса кард, ки Муҳаммадқул аз рўйи
2 иншойи Қосимбек бардоштааст, дуввумиро қабул накард.
Лоиқ ноумед шуд. Мо ғамӣ гаштем. Ў назди шиноси тағояш забоншинос Исматуллоев рафт. Ба пойи Маъсумӣ афтоданд. Ба шўъбайи методикайи Донишгоҳи омўзгорӣ қабулаш карданд. Лекин мувофиқи табъу дилаш набуд. Пас ў сари сўҳбат чандин бор такрор мекунад. «Акнун ҳар рўз аз дунболи Носирҷон Маъсумӣ кашол будам. Хона мерафтанд, аз пасашон будам, ба кор раванд, бар асарашон мерафтам. Он кас чизеро пай бурдагӣ барин гоҳгоҳ ба пас менигаристанд ва ман худро паси дарахту буни девор мекашидам. Рўзе дар хамгашти кўча якбора истода «Ту, бачча, чаро ин қадар аз пайи ман мегардӣ?» гуфта сиёсат карданд. Дасту поям ларзида ва пешонаам арақ карда, дар ҷоям шах шудам ва «Муаллим, муаллим...» гуфта тавонистам. Ҳаяҷони маро дида, баргашта пеш омаданд.
— Чӣ мехоҳӣ?
— Ман Лоиқ... – ҳамин қадар гуфта тавонистам.
— Хўш! Лоиқ чӣ мехоҳад?
— Муаллим, маро ба шўъбайи забону адабиёт гузаронед....
— Пагоҳ ба идора биё, маслиҳат мекунем.
Пасон маслиҳат шуд ва домулло кўмак карданд, ман ба шўъбайи дилхоҳам гузаштам...»
Он тарафашро ҳама медонанд, шумо ҳам, ако.
— Ҳа, бисёр чизҳоро медонам. Бозиву азоб сонӣ сар шуд: Лоиқро баройи баъзе омўзгорони «босавод» аз мактаб ронданд...

  1. Соли 1958 ҷашни бузургдошти 1100-солагийи одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ буд ва мо ҳама ашъору шарҳи ҳоли ўро аз бар медонистем.
    Мавзўъ иншо аз Рўдакӣ буд 2. Ў боз як сол тайёрӣ дида ба факултайи шарқшиносийи шаҳри Ленинград дохил шуд. Ҳоло доктор, профессори донишгоҳи Санк-Петербург Ман он вақт ҳам рафта будам.
пешина
аз 428
навбатӣ