Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Нағз мебинед, ки мошинатона таги тирезем-ба оварда сахт тормуз мекунед. Ман як қад мепаррам. О ҳамун тормузотона равған кунед намешавад?
Ҳама баробар механдем. Ниёзӣ ғазаб мекунанд:
— Рост мегўм.
Боз механдем.
Маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Яке аз масъалаҳойи рўзнома: қабули адибони ҷавон ба узвият. Лоиқро мехонанд ва ў кафи дастони арақкардаро пуф-пуф бод дода, андаке ҳаяҷонашро фурў нишонда ба толори пазиро ворид мешавад ва дасти рост болойи сина гузошта бесадо салом медиҳад. Ҷавони гандумгуни тановар, мўйи сари сиёҳи ғулиаш ба рост гардонида шудааст, чашмони дамидайи сарпўшаш бардамидатар дорад ва бинийи хурдаш нўктези хачакшикаста метобад ва бар он комайи гоҳе аёну гоҳе ноаён ҳаст, ки аломати лату афтиданҳо ва ё захмест.
Вале пайе, ки зери манаҳ дорад, нишона аз озорест: андаке бурида ва гўшти он дар паҳлў баста. Аз ҳикояти Қоришариф: гоҳи аз кони сурма омадани падар Лоиқ бо замбарғалтак пору мекашонидааст ба ангор, баробари падарро дидан сўйи ў метозад ва ба замбарғалтак пешипо хўрда, афтида, манаҳаш ба тахта мехўрад ва хуни зиёд рафта ҷароҳат мебардорад. Ҳама хомўшанд; ҳатто устод Турсунзода. Ва як ба ҷамоа ва баъд ба Лоиқ нигоҳ карда «Шеъри «Ба модарам»-ро бихон!» мегўянд. Зери ин хоҳиш чӣ ҳаст, худи устод медонанд. Ва як абрўяшонро ангушт мекашанд ва холи пушти лабро ламс мекунанд.
Лоиқ ҳанўз ҳам аз ҳаяҷон кафи дасташро пуф мекунад ва садойи марғуладори нерўмандаш мебарояд. Ва Мўминшо ва Убайд ва Қутбӣ ва Мастон ва чанде ба Лоиқ менигаранду ба устод Турсунзода.
«Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомайи домодӣ медўзӣ ба сад ният...
Ки рўзи тўй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавониат,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сўзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзайи пирӣ...
— Такрор бихон! – садо баланд мекунанд устод Турсунзода.
Лоиқ шердил мешавад:
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сўзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор