Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Лоиқро ман аз шумо пештар ва хубтар медонам. Қутфиддин ба Лоиқ духтар намедиҳад. Хуш омадед!
Ба ман сахт расид. Дигар нишаста натавонистам. Амма пеш кард моро ва ман дигар ба ў фаҳмонида наметавонистам, ки Лоиқ он Лоиқи шумо медонистагӣ нест; тамоман каси дигар. Муаллим мешуданд, бо худашон гуфтугў мекардем. Ва беихтиёр аз забонам баромад:
— Афсўс, муаллимро надидам.
— Ҷойи афсўс не, агар ба гуфтайи шумо розӣ шаванд – ҷойи афсўс.
— Шумо Лоиқро намедонед, амма, муаллим медонанд.
— Донанд, надонанд, гап ҳамин...
Аз ин даргоҳи хушманзару хушҳаво баромада худ ба худ мегуфтам: «Инсон баумед, шайтон ноумед.»
Лоиқ аз нобарорийи хостгорийи мо ғамӣ нашуд, балки хандид ва гуфт: «Сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад.»
— Айби ман, Лоиқ.
— Чаро?
— Нахўди пеши чумча нашуда, хап шинам, хуб буд.
— Шумо рўзгордида, соҳиби зану фарзанд... Хайр, парво накунед, шавад – обӣ, нашавад – лалмӣ. – гуфта Лоиқ хомўш монд ва баъди гузаштаву имрўзаро аз пеши назар гузаронидан фармуд:
– Бовар намекунам... бояд ин ҷо чизи дигар бошад.
— Чиро бовар надоред?
— Бовар надорам, ки амма дар борайи ман фикри бад дошта бошанд. Ман баҳору тирамоҳу тобистонҳо дар он айвони шишабандӣ умр ба сар мебурдам, зимистонҳо дар ҳуҷрайи он кас. Он ҳуҷра аз паҳлў низ даре дошт ва амма дар хонайи дарун буданд.
Сарам дард кунад, амма даво мекарданд. Ғамхор буданд чун модар. Вале чаро ба шумо рўйи хуш надодаанд, намефаҳмам. Шояд тағоро нигарон бошанд.
— Агар чунин мебуд, мегуфтанд, ки Қутбиддин медонад. «Қутфиддин ба Лоиқ духтар намедиҳад» гуфтанд.
Лоиқ китф дарҳам кашид ва фармуд:
— Шояд ягон гуноҳи мани пургуноҳро расонда бошанд.
Дигар аз ин боб сухане нашуд. Ман чун хостгори ноўҳдабаро хиҷолат мекашидам. Ғусса мехўрдам. Лоиқро парвое набуд...


— Ана дар ҳамин ҷо моро парронданд, ако...
Ако як қад парида сўям нигаристанд. Ман надонистам, ки он кас пинак рафта будаанд, вагарна нагуфта будам ин ҳарфро.
Ва гуфтан ҷой ҳам надошт. Зеро ба ҷуз алами он касро ангехтан кори дигаре набуд. Ако паҳлу, гашта ҳайрон ба ман нигаристанд ва пурсон шуданд:

пешина
аз 428
навбатӣ