Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Убайд дар паси девор дар кохи дигар ҷарроҳӣ гирифтааст, Лоиқро дида наметавонад. Ва бисёр касон ҳар чӣ медонанд ва ҳар чӣ бо ў дидаанд ва ҳар чӣ шунидаанд, мегўянд.
Як каси дигар ҳаст – Соҳиб. Дилаш чун дили ман нарму раҳим.
Баробари аҳли хонадони он кас ғам мехўрад, ташвиш мекашад ва аз сари болинаш дур намешавад. Худовандо! Нигоҳаш бидор!
Ва ман ҳоло дурам. Раҳораҳ ҳама буду шудро кино мекунам дар мағзи сарам ва ойинайи чашмам; ҳамчунон хушгў, шеърхон, хандон, сархуш ва зебо мебинам Лоиқро. Кош ҳама мисли ў буданд:
сапеддил, бекина, беғараз; ғамхори кишвару халқу ватану миллат; созандайи адабиёт, донандайи забон ва тамаддун ва торихи Порс; ҷўёву гўё ва соҳиби бисёр хислатҳойи хуби рисолавӣ. Худо хоҳад, ўро зинда дармеёбам, ин хислатҳо ва зиёдтар аз инро пайдо карда, дар компютер ҷой мекунам ва як варақашро бароварда оварда, айнакро дар чашмони ў мегузорам ва мегўям: «Бихонед!» То донад кист ва дигарон дар борайи ў чӣ андеша доранд.
— Лоиқ, баъзеҳо ба шумо рўйи гуфтан надоранд, ҳама дардашонро ба ман мегўянд...
— Медонам чӣ мегўянд: Лоиқ арақ нахўрад.
— Нахўрад, не! Кам-кам хўрад, дониста хўрад, хайёмона хўрад.
— Нашиносанд онҳо маро. Пас ба онҳо гўед «Фахрия»-ро бихонанд:

«Асли ман шеъру ғазалҳойи мананд,
На ҳамин шўру мағалҳойи мананд.
Ман агар мастиву риндӣ кардаам,
Хотири инсонпарастӣ кардаам.
Ман агар девонагиҳо доштам,
Яъне бори дарди дунё доштам.
Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам,
Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам...»

— Ман мехонам инро, ман медонам инро... Ба онҳо фаҳмонида намешавад.
— Ё шояд касеро ранҷонида бошам?
— Не-не! Ман надидаам, ки бойиси озори касе шуда бошед.
— Пас чӣ?
— Ба пойи бузургиатон мезанад...
— Баҳ-баҳ! Онон аз куҷо донанд, ки ин оби ҷонфизову рўҳафзо ва ақлангез чӣ мебахшад марову чӣ меситонад аз онҳо.
— Пас... Пас иксири шеъри шумост?
— Ман чизе гуфта наметавонам. Ҳамин қадар мегўям, ки онро нахўрам, ман нестам. Чун шумо рўҳафтода, камсухан, безор аз ҳама чиз... ҳатто аз ин дунё мешавам... Ман менўшам, ки... Ман мехўрам, ки шўрам, исён кунам, занҷирҳоро барканам, қолабҳоро шиканам, даҳонамро баробари даҳони «Калашников» дорам.

пешина
аз 428
навбатӣ