Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто ҳамин ҷойи зистамонро, теппайи Самарқандакро, Авулро, Южниро, гузаргоҳи зери заминийи магазини Марказиву Сомониро, Саввум базаро, Ромиту Ғарму Ҳисору Регару партовгоҳи Калининро ҳазор Герасимов кофтуков кунад ҳам, як устухон ва як мурвати Калашниковро намеёбад. Ман он рўзро нигарон мешавам.
«—Маро чун устухони Рўдакӣ аз хок хоҳӣ ёфт.»
— Воқеан бузург Рўдакӣ. Ҳама пасовандон аз шеъри Рўдакӣ рўйидаанд. Касе файзе аз Рўдакӣ бардошт, чизе шуд, касе дида натавонист, кўри модарзод монд.
— Дигар каси бо шумо баҳс мекардагӣ нест. Донам, ки ҳамсўҳбати шумо Деҳхудост... Баъзан баройи ҳавасатонро овардан аз ҳар китоб як сухан мегўям, то донед, ки дар баратон касе ҳаст...
— Донам... донам касе ҳаст, ки суханҳойи маро сарфаҳм меравад.
— Суханҳойи шуморо ҳамагон мефаҳманд ва қадр мекунанд.
— На! На ҳама. Ман медонам, касоне низ ҳастанд, ки Лоиқ нанависад, мегўянд. Аз шеъри ман чиҳое меҷўянд. Аммо беҳуда:
корвон бирафт.
— На. Корвон дар сафар аст ва ҳар лаҳза тавонад осебе ёбад.
— Худо карим аст ва меҳрубон.

Парешон ҳастам. Ҳар шеъру байту мисраъу фарди ўро ёд меорам ва пиндорам рангин, хаёл ба ҳар диёр мебарад; ба илми занн рў меорам, вале ба таҳи он намерасам, ки чаро Лоиқ якбора ба чунин ҳол расида бошад.
— Оҳиста, дада! – ба вайронаҳойи роҳ эътибор надода мошин ронданамро Ҷовидон таъкид мекунад. Ва боз ҳама хомўш мемонем; мазмун ҳар кас Лоиқро пеши назар меоварад ва ягон хислати ўро ёд карда худ ба худ завқ мебарад ва ё оҳи мадид мекашад. Ба ҳар ҳол дар миёни гиря касро механдонад Лоиқ. Аҷаб:
зиндагиаш, шахсияташ, шоириаш, ошиқиаш, мастиаш, ҳушёриаш, базмаш, сўҳбаташ, дашномаш, навозишаш; назокату дағалиаш ба ҳам монанд. Кас ҳаловат мебарад аз ҳамааш, ҳатто аз дашному ҳазлу зарофату қабоҳат гуфтанҳояш.
«Ина кӣ зад?!» – садойи навдомоди майнўш меояд баъди ба хонайи арўс даромадан шишайи нимамондаашро холӣ дида. Янгайи пушти дар посух мегўяд:
«Болам, вая ҳиҷ ким задагеш не, уруқи мо худаш ҳамин хел даҳонкалон!»
Аз латифаҳойи дўстдоштайи Лоиқ. Ба наздаш расам, «Ина кӣ зад?» мегўям. Худо расонад, боз хушгўйиҳо мекунем, боз ба дарайи Варзоб меравем, боз гули наврўз мечинем, боз баҳси калима мекунем ва такрор мешавад он чӣ аз сар гузаронида будем.

пешина
аз 428
навбатӣ