Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва андаруни додхона қозӣ бо Шарифа машварати рўёрў дорад:
Қозӣ: – Ба ту гузашт кардам, бадном шудам..
Шарифа: – Шумо не, ман бадном шудам...
Қозӣ: – Бигзор ту бадном шуда бошӣ... лекин мефаҳмӣ, ки барои ту шуда чӣ бори гаронро ба дўш гирифтам.
Шарифа: – Чаро?
Қозӣ: – Намефаҳмӣ? Қозии калламағз набояд диёрашро олонад, бадном кунад... Нахостам, ки ту бадном шавӣ...
Шарифа: – Яъне?
Қозӣ: – Агар туро ҳукми раҷм мефармудам, Худо ҳам, банда ҳам маро лаънат мехонд.
Шарифа: – Не-е-е, шумо аз Худо тарсидед! Охир, ман чӣ гуноҳ кардам? Қасосамро гирифтам!
Қозӣ: – Ба ҳар ҳол ту зан ном дорӣ... Бадномӣ барои зан батар аз марг аст.
Шарифа: – Лекин ман имон дорам, ки як кас сўйи ман санг намеандохт.
Қозӣ: – Хато мекунӣ!
Шарифа: – Писаронам мегўянд, ки ҷавонон байни сангтўдаҳо ҷой шуда, омода бар зидди касе буданд, ки санг андозад...
Қозӣ: – Ҳо, қозии раҳмдил чунин ҳарфҳо ҳам шунавад...
Гўё дигар ҳарфи гуфтанӣ намонд. Аммо Шарифа муроду матлаби ўро нафаҳмид. Бардошт кард, то ў боз чизе гўяд. Қозӣ ришак кашид, андеша дошт. Ба чап, ба рост, ба арш, ба фарш нигарист, то хешро мутафаккир нишон диҳад. Аммо Шарифа чунин бозиҳоро мефаҳмид. Ў дар ягон мактаб нахонда бошад ҳам, саводи зиндагишиносӣ, одамшиносӣ дошт ва медонист, ки инсон дар кадом ҳолат ба чӣ намуд гардад. Вагарна ба одам хук, гург, рўбоҳ, шағол, хирс, саг, гурба, муш, гов, хар, буққа, гўсола, гўсфанд, мор, каждум лақаб намедоданд, истиора намекарданд. Мардумшиносии Шарифа аз рўи ҳамин буд; аввал касро ба кадом ҳайвон монанд мекард, баъд хислатҳои онро меҷуст. Вале қозиро ба ҳеҷ ҳайвон монанд карда натавонист, магар рўбоҳ. Маккор гуфт аввал, сонӣ рўбоҳ будани ўро дарёфт. Шарифа ба ҳама рафтору ҳаракати қозӣ диққат диҳад; бинад, ки чашмонаш ба тааннӣ танг шуда, ба чашми рўбоҳ монанд гардад. Шод аст, ки дар одамшиносӣ хато накарда. Ба қозӣ танҳо дум намерасад, ки бозӣ доронда касро ё сайёдро фиреб диҳад. Зеро рўбоҳ аз ҷанголи саг танҳо ба фиреби дум раҳо ёбад. Қозӣ мунтазир, ки Шарифа чизе гўяд ва ў сухан мос кунад. Вале Шарифа ба нўги пой нигариста, андеша дошт, ки муроди қозӣ чист:
— Бо диққат гўш деҳ, суханамро набур! Аён, ки Абўзуҳурро ту ба ин ҳол расондӣ... Абўзуҳур мегўяд, ки баъди сари ман дар хонадонам саробон намонад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо