Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Бардорам?
— Не, – сар ҷунбонд модар ва лаб газид. Андешаашро нагуфт:
«Мон азоб кашам... Зани пургуноҳ... Қозӣ гуноҳи маро пўшад...
Надонам барои чӣ? Мардум дуруст гўянд: «қозӣ набояд беҳуда ин корро кунад».
...Боз гуноҳ ба сар омад, раги чаккашро сўзонд, ба назар як даста оташ аз даҳону димоғаш бурун рафт. Беҳуш шуд. Дар он ҳолат ҳам андешаи мардумро дошт, ки чӣ гўянд?
Бурҳон ҳолати ўро дида, оҳиста рўи барф хобонд ва ба атроф нигарист, ки савобталабе ҳаст? Пас ба рўи модар барф молид. Ду тан тозон омаданд. Ҷўраву Сангин. Бурҳон ҷома кашид, модарро болои он гузошта, бардошта бурданд. Беёд буд ў.
Дар деҳа овозаву дарвоза шуд, ки Шарифаро дуои набера гирифта, оҳи амини деҳа фалаҷ карда ва азизони мазор адабашро додаанд. Зиёда сарсонии Норӣ ўро ба ин ҳол овард. Гўё тўҳмат задаанд ба Норӣ... Шарифа аз ин ҳарфҳо хабар надошт, бистарӣ буд.
Моҳбӣ омад. Ҳолати Шарифаро дида, ба писарон фармуд, ки садо накунанд, оромаш ғузоранд, касе надарояд, андаке роҳат кунад, ҳамааш гузарад. Пахтаву равғани чароғ ёфта, мазор рафта нўкча монд, аз азизони гўру гўрхона омурзиш пурсид. Баргашта ба Сангин фармуд, ки химчаи бед биёрад чиҳил дона, латтапора биёрад... Латтапора ба нўги химчаҳо баст, ба нўги латта оташ зад ва гирди бистари Шарифа гардонд: «Алассс... алассс... Ҳа, гум шав!
Ҳа, дафъ шав! Паси кўҳи Коф рав!» се бор оташ ба рост гардонд, се бор ба чап... Латтаи сўхта афканд, ба чилчўб зад рўи бистари ў аз нўги пой то фарқи сар, аз фарқи сар то нўги пой. Сонӣ об пошид бар ў. Бемор як қад парид ва ҳа-ҳа-ҳа! нафас баровард.
Шарифа рўзи саввум бедор шуд. Аввал ба ҳуш омад, баъд чашм кушод, лекин фарқ накард, ки дар хона хобад ё дар гўр. Аранге ёдаш омад, ки дар Санглох афтида буд. Ва ҳоло чашм кушода сақфи хонаро бинад, фарқ накунад, ки куҷост... Оромӣ, садое ба гўши ў нарасад ва аз ҳамин рў гумон дорад, ки дар гўр аст.
— Шарифабону-у!
Моҳбӣ бо нафас гуфт ин номро ва ў шунид: ҳамин зайл паст.
Вале наҷунбид, ки рост бошад ё гўшаш садо диҳад? Мижа таҳ карду кушод. Моҳбии тори сараш ҳозиршударо дид, саволомез ба ў чашм дўхт. Моҳбӣ табассум кард, то ў натарсад. Ба назари Шарифа даҳони инҷи ў пурсандаҳои гўрро пеш оварданд: «Ман гуноҳе надорам!» гуфтанӣ шуд, натавонист. Ақлу ҳуш кор кунаду забон на... Моҳбӣ пахта ба об зада, лабони хушкида ва карахшбастаи ўро пок кард. Шарифа сардиву гувороии обро пай бурд ва дарёфт, ки зинда. Даст ба рўй бурданӣ шуд, пояшро доштанӣ шуд, натавонист ва боз чашм пўшид. Хобаш нимкора. Хуб аст, ки бихобад, то чизеро набинад, ёд наорад, андеша накунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо