Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Занед бевая!
Аз берун, аз паси саворон омад ин садо ва Шарифа шунида ҳушёр гашт. Ў чашм кушода ба чеҳраҳои тамасхуромезу заҳрханд нигарист, хеле мулоҳиза кард, як бори дигар овози шиносро шунидан хост, аммо ба ҷои он як садои паст ба гўшаш расид:
— Сар тед, оча, гов садқаи саратон...
— Гап дар гов не, баччам, – Сангинро дар паҳлўяш дида гуфт модар. – Гап дар ору номус. Нон аз даҳонат баранд, хап шинӣ, магар мардист? Ун хуносо ору номус надорад. Деҳаро биолуд, халқро зери пой кард... Нанги мардӣ медошт, намегузошт, ки ҳамдиёронро ба чунин рўз оранд... Ту бирав аз ин ҷо!
— Сар тед, оча! Бо як гов осуда шавем, хуб...
«— Занед бевая! Дастонашро бурред!»
Баъди ин садо худ аз худ дастони Шарифа кушода шуданд. Ба назараш чизи дигар ба даст омаданӣ буд. Сангин маънии ҷаҳди модарро дарёфт. Сафедак ба шиками аспи савори тозиёназада шох зад, хўсонд онро ва гурехт. Саворон аз паи он шуданд. Дум хода карда, ҷуфтак зада, мегурехт Сафедак...
Шарифа аз дарвоза баромада назди Зуҳур рафт. Расиду аз гиребони ў гирифт ва ба девори хонаи Маллабой рост кард, гулўяшро фишурд. Ҷони мардак ширинӣ карда як лагад ба миёни пои Шарифа зад. Сангин чунин ҳол дида, расида, як мушт ба тори сари Зуҳур фаровард ва ў чун ҷуволи холӣ ба қади девор шорида, ба замин фурў нишаст...
Аз ҷониби мазор садои тир баромад. Шарифа гумон кард, ки Ҷўраро парронданд, агар говро боздошта бошад, парронданд ва ё Бурҳони аз шикор гаштаро. Дасту пояш суст шуд, гиребони ўро раҳо кард... Базўр қоматашро боло гирифт. Андаке ҳайратзада истод ва садои тири дуввумро шунида, он сў тохт. Зуҳурро буни девор гузошта, тохт ва ба Сангин ишора кард, ки ғалақаи дарвозаро андозад.
Назди дари мазор аспон гирд омада, бинӣ меафшонданд, аз чизе ҳаросида, фаху фух мекарданд ва сум мекўфтанд. Шарифа аз миёни сумҳои аспон мурдаи ба хун ҷўлидаи Сафедакро дид...
чашм пўшида... ва ҳамон зайл пас гашта, шукр кард... шукр кард, ки Сафедакро куштанд. Парешонии ў аз писаронаш буд... Ў дарвағнаи роҳи мазорро пўшонд, то аспон дигар ба ин роҳ наоянд.
«Мазор тиккаву пора кунад шуморо!» дуо кард ва Сангинро аз роҳ гардонд, то ба пешвози бало наравад.
— Ҷўра куҷо шуд?
— Адир рафт, Бурҳонро огоҳ карданӣ.
Шарифа пушт ба девори айвон такя дода нишаст ва «уф!» гуфт, то хастагӣ рафъ шавад. Ба гўшаш «маа!» гуфтани гўсолаи даҳрўза омад аз хона ва хаёли ўро ба ятимбонӣ бурд: як умр усто Қодир паи устоӣ мегашт, Шарифа кўдаконро калону парасторӣ кард, бо Ёдгор машғул шуд, инак навбати гўсола...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо