Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Рў ба модар овард:
— Мегурезем, оча!
Шарифа дафъатан ба ҳарфи ў ҷавоб надод, ба андеша рафт, ки ба ҳар кор андеша бояд. Вале чаро Сангин роҳи гурез пеш гирифтанист? Аз тарс? Аз ноилоҷӣ? Аз бекасӣ? Ё дунё охир шуда, фоли зани Кабир рост мебарояд?
— Гурезем? Барои чӣ? Ба куҷо?
— Ба кўҳ... Вагарна мекушанд...
— Не, моро кушта наметавонанд... Маро мекушанд, ҳамаро кушта наметавонанд.
— Якравӣ накунед, як бор гапи маро гиред, оча!
— Не! Гапи ҳеҷ касро намегирам!.. Ту медонӣ, ки мо равем, ин манзил чӣ мешавад?
— Медонам, оча. Моро кушанд, ин манзил ба кӣ лозим?..
«Ой, Шарифабону! Вой, Шарифабону! Чӣ кор кардед шумо?!»
– Аз дарвоза вовайло карда даромад Моҳбӣ.
Айни ҳол омадани ў ба Сангин нафорид. Абрў чин кард. Вале аз дасти Шарифа дошта, сўи дарвоза кашиданаш ўро ба ҳайрат гузошт.
— Бояд пинҳон шавед... гардед зудтар, шуморо ба хона бурда пинҳон кунам... Медонед, онҳо гургони чилла барин ба кас дармеафтанд. Таърих чунин ғоратро надида. Зуҳури заҳр бало овардааст ба деҳа... Гардед, гардед! Андеша фоида надорад... Ҳамин замон ба саратон меоянд... Сангин, ту ҳам биё... Хонаи мана дилатон накашад, ба ғор мебарам... Гардед, гардед! Ман ҳама чизро медонам, ба ман бовар кунед, шуморо зинда намемонанд, писаронатонро мекушанд, худатонро ба думи асп мебанданд...
Ин чиз ба ҳама маълум, намедонам, ки барои чӣ шумо истодаед?
Карахт шумо, Шарифабону, ҳеҷ чизро сарфаҳм намеравед... Гурез, Сангин, тезтар гурехта ба дари ғор рав, он роҳро ҷуз ман касе намедонад... роҳи даромад надорад, лекин ман роҳашро ёфтам...
тезтар, Шарифабону! Вақти хаёл не...
Шарифа ба кампири Моҳбӣ бовар кард. Зеро медонист, ки дар деҳа ягон ҳарфи рустӣ шавад, аввал Моҳбӣ мефаҳмад; гўё париҳояш ба ў хабар меоранд. Бинобар он розӣ шуд, ки сари лучу парешонмўй ба роҳи рафтаи ў гардад... Моҳбӣ онҳоро ба роҳи калони ҷониби ғор не, балки боғ ба боғ бурд ва аз пушти боғи усто Карим ба даҳанаи ғор.
— Зор монад, сабил монад! – аз чизе пушаймон даст бар сар зад ў. – Чароғ фаромўш шудааст. Наҷунбида шинед...
— Лозим не, холаи Моҳбӣ... Ин хел намешавад, гуреза нестем, мо...
— Шарифабону, шумо хурд нестед, ки ман фаҳмонам. Ману шумо танҳо мебудем, гапи дигар буд... писаронатонро эҳтиёт кунед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо