Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз мўрии усто Карим низ дуд баромад, дуди ғализ, фағона зад ва зуд гум шуд. Оташ ё дар гирифт ё мурд. Инак бадиққат менигарист, ки боз дуд мебарояд ё не. Яке чашмаш афтид, ки буни девори хона касе сўяш менигарад. Бурҳон оламу одамро фаромўш кард ва аз даҳанаи ғор берун омада, тозон сари девор рафт ва аз ҷои сархори гашта сар дароварда, ба Гулсифат нигарист... Гулсифат аз чизе хавф бурда, зуд пас гашт ва гўсолаи наздаш омадаро як шаппотӣ зада, аз гўшаш дошта сўи оғил бурд. Он вақт модаршў ҷониби ошхона гузашт... Бурҳон паси девор ҳам хўрд ва ба худ омада то торикӣ фаромадан он ҷо монд ва менигарист аз роғи сархор. «Муҳимаш – диданаш» хушнудӣ кард дар дил ва гўё ҳама аламу азоб рафъ шуд.
Ғур-ғури одмон баромад. Бурҳон дар ҳамин девор ҷо шуд ва дид, ки сиёҳӣ ҷониби ғор рафт, аз пасаш сиёҳии дигар. Ў аз буни девор паси харсанг гузашт... Онҳо паси ғор истоданд. Хомўш буданд, пасон сурфиданд. Ва овози шинос баромад: «Ако!» Бурҳон овозро шунид, соҳибашро шинохт, аммо сипоҳӣ кард...
— Ако! Ман – Сангин!
Сангин даҳон ба даҳони ғор дошта садо дардод ва овозаш базўр то гўши Бурҳон расид. Аммо ў ҷуръати овоз додан надошт, зеро намедонист, ки ду тани ҳамроҳи Сангин омада кистанд.
Дуздона паси харсанг ҷо шуда, ҷуръати баромадан намекард. Ва гоҳ-гоҳ ҷониби роғи сархор менигарист, ки Гулсифат аз он ҷо сар бардошта, чун молики он макон онҳоро меронад: «Биравед, халал нарасонед!» Дилаш тез зад, аммо надонист, ки аз ҳаяҷону андеша аст ва ё аз омадани меҳмонони нохонда. Аз гурехтан, аз сари сархор сўи хонаи Гулсифат нигаштан хавф дорад, ки асрор ҳувайдо мегардад, нн ҷо буданашро пай мебаранд, доду фарёд мешаваду ғалмағал, деҳаи омодаи хоб хобпар мегардад ва...
«...бигзор чунон шавад, то Гулсифат донад, ки ман ин ҷо ҳастам, аз барои ў ҳастам...»
Дар равшании моҳи шомхўрда, ки нав аз паси теппаи Мурғак тулўъ карда буд, Бурҳон Гулсифатро надид ва ба гўшаш садои шинос омад.
— Ако, ман – Сангин!
Бурҳон баргашту он сў нигашт. Суроби занонаро дид дар партави моҳ, зани сарлучи наҳифпайкарро.
— Шариф?!
— Ой Бурҳон! – пеш омад Марям. – Чаро пинҳон мешавӣ?
Ҷои тарс намонда: подшох сарнагун шуд. Ҳукумати Муваққатӣ бозиро бохт... Казакҳои дар Самарқанд буда ба мадади Бухоро рафтанд... Боз аз кӣ метарсӣ?
— Ман аз касе наметарсам, ин ҷо кор дорам.
— Ин аз ду чиз мешавад, Бурҳон: ё гурезаӣ ё ошиқ... – изҳор кард Марям.

пешина
аз 421
навбатӣ