Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дили Бурҳон ғайри муқаррарӣ тапид, хост пурсад, ки онҳо қиро дар назар доранд, дигар ҳарф аз забонаш баромад:
— Рафтан гиред, ман шуморо дармеёбам.
Онҳо каме рафтанду бозистоданд. Бурҳон ба рахнаи сархор омад. Он чизи сафедро миёни боғ надид. Мўи тан ва сари ў дамид, тоқии кўҳнааш боло шуд... Ёд овард, ки ғор чунин чизҳо дорад; ҷин, парӣ, дев... Мегўянд, аммо надидааст. Раъша давид дар баданаш. «Парӣ ба ҳар сурат меояд», мегўяд Моҳбӣ ва мефармояд, ки пеш аз наздик шудан ба сурате калима гардонанд.
Таги дили Бурҳон ғулғула кард: ҳам аз кундаи сафеди боғ, ҳам аз ҳарфи онҳо: «Наход дилу нияти маро пай бурда бошанд?» Аз паси онҳо тохт.
Ҳавлии Шарифино се ҳавлӣ дар миён бо ҳавлии усто Карим.
Вале аз таги ғор роҳи рост надорад, ними деҳаро давр зада, ба тангкўча даромадан лозим меояд. Падару модари Шариф аз барои Марям шуда ҳавлию ҳарамро партофта рафтаанд. Шарифу Марям дар хонаи сангдевори дудазада дами дарвоза зиндагӣ мекунанд, ба хонаҳои пешгаҳ коре надоранд. Мояи рўзгор ҳам нест. Марям ба танг омада, чанд бор аҳд кард, ки равад, ақаллан то назди русҳои Когон, натавонад; ё Шарифро танҳо намонад ва ё Шариф ўро рафтан нагузорад. Шарифро дўст дорад, аммо нагўяд, гоҳ-гоҳ ситеза кунад, рафтағор шавад. Шариф рост дониста, нагузорад, ки равад. Падараш Муроди Табар ситеза карда аз хонаи хеш рафт.
Модараш Навраста дунболи арўсу набераҳоро гирифт, ки хоҳнохоҳ ба уболи тарафайн мемонад, ақаллан аз уболи наберагон раҳо ёбад, рафт; гуноҳи кофир ба гардани худаш.
— Не, ту чаро маро фиреб кардӣ?
— Чунин намекардам, ҳамроҳам намеомадӣ... медонӣ, туро ба як мамлакат иваз намекунам.
Марям бовар мекунад бори дигар ва аз ҷаҳл мефарояд, сар бар дўши Шариф мениҳад:
— Рафта гўй, хешонат биёянд, ман муросо мекунам.
— Аз ҷаҳл фароянд, худашон меоянд.
— Ман як чизро намефаҳмам, Шариф... Мегўӣ, ки дар ин ҷо дузанаву сезанаҳо кам нестанд... Пас чаро онҳо ба ин муросо намекунанд?
— Ҳо, ин мерос аз пайғамбар, ба қавле Муҳаммад ҳафт ё нўҳ зани никоҳӣ дошта ва ба қавле чаҳордаҳ... ва дар байнашон аз кофирон низ будааст. Кофир ҳарфи бад нест – ғайри дин, арабҳо ҳам моро вақти истило кофир мехонданд, мо дигаронро кофир медонем... Дар назари инҳо ту – кофир. Динат дигар.
— Ту ба онҳо фаҳмон, ки ман динашонро қабул мекунам...
Бозор бирав, куртаву эзори тоҷикӣ бихар, ман тоҷик мешавам, ояту ҳадис биомўзам, мусулмон мешавам... аммо дилу нияти маро бо ҳеҷ роҳ иваз ва ё дигар карда наметавонӣ.

пешина
аз 421
навбатӣ