Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Пир шудаед, қозии мўҳтарам...
Додгустар як қад парид ва ҳоло ки ба хулосае наомада буд, хашмӣ гашт ва сўи Шарифа дод зад:
— Хез, дафъ шав!
...Ягона гуноҳе, ки Шарифа ба гардан мегирифт, сабабгори марги Моҳбӣ шуданаш буд. Дар назди қозӣ ҳам гуфт, дар назди Худо низ мегўяд. Ғамӣ мешавад худ ба худ. На барои он ки дигар ҳамсўҳбат надорад, балки Моҳбӣ ройгон мурд. Гўё аҷал пешандоз карда, аз дарвоза ворид сохт ва кушт. Мурдаи Моҳбиро аз хонаи худаш бароварданд... Духтари девонекаш – Иззат барои гиря кардан омаду дигар ба хонаи Боқарқин нарафт ва кунун ҳар бегоҳ пушти оташдон нўкча мемонад ва дерёз то сўхтани он нигарон меистад... Ҳарчанд Боқарқин инак зан дидам, гуфта, аз паяш ояд, ки хонааш барад, девонек намеравад. Ў механдад – механдаду якбора мегиряд ё мегиряд – мегиряду якбора механдад.
Пасон пайгири модар барин хеста ба хонаи Шарифа меравад, аз дарвоза фарёд зада, мепурсад:
— Хола, очам куҷо рафт?!
Шарифа намедонад, ки чӣ ҷавоб диҳад, чизе намегўяд. Дароз рў ба рўй хомўш меистад ва мегўяд:
— Даро, чой бихўр!
— Не. Агар очам ояд, гўед, зуд хона равад, хона пури меҳмон!
Ва Шарифа ба андеша меравад: дар бораи зиндагӣ, офариниши Олам, Одаму фарзандонаш андеша мекунад ва аз ҳафтсола то ҳафтодсола – ҳама мардуми деҳаро аз пеши назар мегузаронад ва дарк мекунад, ки офаридгор чӣ қадар устост, аз ягон ҷиҳат якеро ба дигаре монанд насохта; як чашми танг чӣ, ки ин қадар аз ҳам фарқ мекунад. Баъд рўи одамонро пеши назар меорад, пасон ба шакл мувофиқ омадану наомадани рафтору кирдори онҳоро... Кўдак ҳам нафс дорад, калон ҳам; кўдак ҳам фиреб медонад, калон ҳам; кўдак ҳам зиндагӣ кардан мехоҳад, калон ҳам, вале намедонад, ки кўдак аз калон омўхта ва ё калон аз кўдак, зеро калон аввал кўдак буд...
Шарифа хаёл мекунад, фикр мекунад, ки рўзаш наздик аст ва Моҳбӣ ҳар лаҳза ўро наздаш мехонад... Медонад, ки дар рўзгор ин қадар кори носомон дорад, ки на танҳо ба мурдан вақт намеёбад, балки даҳ, сад кас корашро сомон карда наметавонад. Дар асл мешинад, ба коре дасту дилаш намеравад. Фақат андеша мекунад: «Бурҳон баччаи беақл набуд, чаро чунин кард? Гулсифатро дуздида куҷо бурда бошад? Буд-набуд писари усто Карим онҳоро ба ҳолашон нагузорад... Чаро дигаронро гунаҳгор шуморам, шояд гунаҳгори фоҷиаҳо худам бошам? Бурҳон аз арўси ёфтаамон наосуд, худаш...»
— Ҷўра! Сангин!

пешина
аз 421
навбатӣ