Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Раҳ ёбед ба ғор! Агар ўро дар ин ғор кушта партофта бошанд, сари шумо барин бародаронро худам мегирам!
«Оча!»
Садое омад ба гўши модар. Хуб диққат кард, ки такрор мешавад ё не, нашунид. Ба рўи Ҷўраву Сангин нигарист.
— Шунидед?
Онҳо забон ба ком часпонда чалаппӣ садо доданд: «не!»
— Наход садо дода бошад гўши ман? Шунидам, ў «оча!»
гуфт.
«— Оча!».
— Мешунавед?
— Не!
— Не!
— Худо, гўшатон қуфл занад! Вай «оча» мегўяд!
«— Оча!»
— Мешунавед?
— Не!
— Не!
Тани модар вараҷа кард. Хаёлаш ба афсонаҳо рафт, ки дар чунин маврид Хизр ё пири ботадбире пайдо ва ёвари барҷомондагон мешавад. Аммо Шарифа ба атроф нигашта, касеро намебинад. Ба писарон рў меорад ва хаёл мекунад, ки ҷуз худашон касе мадад карда натавонад...
Шарифа шунид, ки дарвозаи усто Карим садо дода кушода шуд. Хешон охирин бор сари қабр мераванд. Ҳафта гузашт. Субҳ медамад. Аз машриқ фазо хокистарӣ, пас бунафшаранг гашта, олам мунаввар мешавад; боз рўздида рўз мебинад, рўзнадида рўз намебинад...
— Бурҳо-он! – чандон баланд набуд ин овоз, дар дами ғор хомўш шуд. – Рафтем! – аз фаро расидани субҳ хавф кашида гуфт Шарифа, то сир ошкор нагардад. – Набудааст... Мебуд, ба садои ман мебаромад...
— Метарсад аз шумо! – гўё муаммо кушод Сангин.
— Аз ман метарсад? Барои чӣ?
— Дуо мекунед.
— Дуо мекунам? Писари худамро дуо мекунам? Девонаам, ки писари худро дуо кунам? Дуо кунам ҳам, дуои хайр мекунам; осояд, мегўям, афзояд мегўям... Гап дар дуо не... Зинда бошад?..
Хаёлат одамони усто Карим дар ғор будани ўро донанд, зинда мемонданд?
Шарифа ба ин савол ҷавоб талаб намекард, балки фикру зикраш дигар буд: одами зинда дар ин муддат мехўраду меошомад, лекин ў чӣ кор кард? Як ҳафта гушнаву ташна... Не-не-не! Зинда мебуд, нон гуфта меомад.
Ҷўра хандид. Хашми модарро овард:

пешина
аз 421
навбатӣ