Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бииззат нестанд, ако? – аз роғи дарвоза садо дод Шарифа.
Мардак ҷавоб нагуфта пеш меомад, ки соҳиби овозро дида, ҷавоб гўяд.
— Ҳа-а, шумоед, Бишарифа? Куҷое рафт. Дар хонадони Зуҳур касе нотоб шудааст; занаш, духтараш? Нафаҳмидам... Одам омад, рафт.
— Ха-айр!
Шарифа барои ин чизро донистан омада буд, ки набера дуруст гуфт ё на? Ба ҳар ҳол донист, ки дар хонадони Зуҳур коре шуда.
Пас гашт аз дарвозаи Моҳбӣ ва пай бурд, ки дар рўзгораш намерасад он пиразан. Надонист, ки хона равад ё кўча. Дароз андешид. Раво надид кўча рафтанро. «Коре шуда бошад, Иззат хабар медиҳад». Ва гўшбақимор шуд, ки садои гиря меояд ё на...
Зуҳур дар андешаи писар не, ки куҷо шуд. Дар андешаи он ки чаро меҳмонон наомаданд. Кардаи писар ба назараш натобид, ҳатто кӣ ёд доданашро ҳам пурсуҷў накард, ба зинда монданаш шукр гузорид, балки афсўс хўрад, ки меҳмонон наомаданд. Гўё ҳама: тақдир, қисмат, ояндаи ўву деҳаву мардум аз омадани онҳо вобаста буд, ҳоло чӣ шуданашро на ў медонаду на авлиёе. Он вақт, гўё бо фикру андешаи солим чунон андеша дошт, ҳоло бо фикри коста, сари ларзон, гардани андаке хам ва пешонии баста чунин андеша мекунад. Рўи тахтасанги бехи дарахти тути даҳанаи тангкўча нишаста, сархам дурудароз ба замин менигарад, ки меҳмонон меомада бошанд; гардан меёзад, кам-кам боло мешавад, то хубтар бинад. Шабаҳҳо меоянд пеши чашмаш, сонӣ биҷир-биҷир карда бисёр мешаванд. Пасон кампирона даст бар пешонӣ лапар мекунад... Чангу ғубор метобад ба назараш аз болои Дупула. Хаёл дорад, ки дастаи меҳмонон меоянд. Табассум андар лабон мехезад аз ҷой, сари сина медамад, даст мегардонад ва паҳлавонона қадам мезанад, ки музаффар гашт: «Ба шумо нишон медиҳам». Дар дил таҳдид мекунад ў, аммо ба кӣ? Маълум нест. Ба саломи раҳгузар эътибор намедиҳад. Ҳушу ёдаш ба роҳи калон банд. Шукр мекунад, ки онҳо меоянд, пасон ба дўғу даранг мегузарад, ки чаро дер омаданд. «Ман ба шумо, ваъдахилофҳо, нишон медиҳам, ба шумо, бепарвофалакҳо!» Завқ кард Зуҳур. Кафи дастон ба ҳам молид. Ба писари девонааш бисёр монанд шуд, вале ёд накунад аз ў...
«Эй мардум! Хизматгорон! Нигаред! Ба миёндаштӣ нигаред!
Қудрати Худоро бинед. Нигоҳ кунед, лашкар меояд... Зўрҳо мурдам гуфтан гиранд! Хоки ҳамаашонро мебезам! Шумо бо ман бозӣ кардаед! Оқпошшо лашкар фиристодаст бари ман... Касофатҳо, чаро ҷим шиштаед?! Ба танўрҳо оташ афрўзед! Нон пазед! Канизакҳо куҷо шуданд? Дар болохона ҷой тахт кунанд!.. Кордатон шиканад, қассобҳо! Чаро сари молҳоро намегиред? Чаро дегҳо холӣ? Чаро шўрбо намеҷўшад? Эй-эй! Шумо медонед кӣ меояд?
Наҷотдиҳандагони мо! Моро аз балоҳои азим наҷот медиҳанд, аз марги нобаҳангом наҷот медиҳанд...

пешина
аз 421
навбатӣ