Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Касе чунин намоишро ёд надорад дар ин деҳа: дастору каллапўшҳо рўи об мерафтанд, соҳибонашон мурғвор пар-пар мезаданд даруни об; ҷомаҳо кашолу вазнин, даруни масҳиҳо пур аз об, ришҳо обшор, дамҳо гашта, ба об ғелида, даҳон кушода ҳамчу моҳии аз об берун афтода, ба санги соҳил чангол зада, талоши зиндагӣ карда мебаромаданд ба он соҳил; об мешорид аз тану либосашон чунон ки аз мўйҳои дарози серкаҳо рўзи борон... Онҳоро ба соҳили дигар ронданд шўришгарон. Қозӣ сари луч монда буд; сари лайс тарошидаи офтобнадида қолаби сафеди тоқиро дошт, хунук метофт – песранг ва шохдор...
Об бурд саллаҳоро – асрорпўши каллаҳоро; каллаҳо ҳованшакл, қадуосо, пачақак, пасашон як табар зада ҳамворкарда, якшоха, торашон чукка, ба гардан часпида... метофтанд; як сари шохдор ҳам буд, сари қозӣ. Дар паҳлўи рости фарқи сар ба сони шохи наврустаи таккабузғола шохе буд.
Танҳо имрўз мардум донистанд, ки чаро қозӣ салларо каҷ мениҳодааст. Ва он шохи тағоякустухонӣ низ офтобнадидаи сафед буд... Ва мардум ўро қозии Шохдор ном ниҳоданд. Қозии Шохдор магар шармаш омад, ки миёнбанди аз рўи ҷомаи так бастаро кушода ба сар кашид ва ба таҳдид риш каф зада ба қади об рафт ба ёди салла. Баъзеҳо маънии ришак кашидани ўро фаҳмиданд, баъзеҳо тахмин карданд, бархе хаёл, ки оби шорони ришро афшурад...
Қозии Шохдор он замон кина гирифта буд ва аз баъзе корҳои нокарда ва ё гузашткарда пушаймон; алалххусус аз гузашти барои модари Бурҳон кардааш. Қозии Шохдор яку якбора писарони Шарифаро ба дорулқазо кашид, одам фиристод, ки биёянд, аммо онҳоро пайдо карда натавонист. Боз Шарифаро дархост, ки ин дафъа гузашт накарда, адабашро бидиҳад, аммо Шарифа ба даъвати ў ҳозир нашуд, балки ба фиристода арз кард, ки ман ба қозӣ лозим бошам, ў биёяд, на ки ман пеши ў равам... Вале Қозии Шохдор боз одам фиристод...
Ва ин дафъа Шарифа чунон омад, ки ба назди Зуҳур омада буд: савори аспи хушҷилав, либоси мардона ба сар, пештар аз намози аср ба дари қозӣ ҳозир шуд ва садо карду фармуд, ки қозиро дидан мехоҳад.
Қозии Шохдор баромад ба дастори нав. Гулў равшан карда, ришак кашида, якка-якка қадам зада баромад... Шарифа тори асп андеша мекард, тапиши дилашро мефаҳмид, вале намедонист чӣ гўяд ва чӣ кунад? Ҷомаи сари дўш андохтаи қозӣ ба вай нафорид. Ба ин чиз эътибори ҷиддӣ надод, аммо қарор кард, ки мубориза анҷом напазируфта будааст. Қозии Шохдор боз сурфид ва мунтазир буд, ки савор саломаш медиҳад. Қозии Шохдор чизеро пай бурд ё шинохт ўро ва ё шинохт Самандро ё дарёфт ҳилаи Шарифаро, ки бозистод ва рост ба савор нигарист. Пас гашт. Хост аз дарвозаи баромада боздарояд, аммо Саманд ба саҳл пошна задан сўи ў тохт ва Шарифа сар хам карда аз дарвоза даромаду аз гиребони куртаи қозии Шохдор чанг зад ва ҷилави аспро баргардонд.

пешина
аз 421
навбатӣ