Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хавф кашид дилаш чунон ки ҷароҳат бод кашад.. Бовар накард ба чунин хомўшӣ, хомўшии пеш аз тўфон донист ва доми фиреб. Пеши назар овард симои Мулло Тошро ва аз бинии калони ў дилаш ғаш кард: «Хабар расондааст ба ғузориҳо... гурезондааст мардумро, инак тамошогар шуданист ҳамроҳи Норбек... Чаро пеш мондам ўро?» Дилтанг шуд, ба хашм омад ва ба отряд фармон додан хост, то сўи Мазор роҳ сипаранд, худдорӣ кард. Пасон ба машварат пардохт ва тоҷикон маслихат надоданд, ки дандоншикан аст он ҷо камингоҳҳои нобоб дорад ва... ва натавонистанд он чизро гўянд: мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро, қадамгоҳи Ҳазрати Сулаймонро гўянд, зеро ба он ҷо рафтани кофирон мамнўст; ин ҳарфро ба командир фаҳмонанд, хашм гирад. Барои он ҷо рафтан пок будан лозим; аз ҳар ҷиҳат:
тан ҳам бояд пок бошад, дил ҳам «Агар мо дар ҳамворӣ ҷангем хубтар аст, рафиқ командир». Хуш омад маслиҳат ба командир...
Отряд дами сои Варзи Канда корвонро дарёфт. Мулло Тош дар хамии обканд аспонро пинҳон дошта, сари баландӣ баромада, сўйи Шўрча менигарист ва гумон дошт, ки дар дуроҳаи ҷониби Киштўду Дашти Қозӣ дастаи кўҳистониён ҳаст. Раги гарданаш гирифта, ба омадани отряд эътибор надод, балки бо рафтораш ба отряд фаҳмонданӣ буд, ки эҳтиёт бошанд аз пеш. Аммо командир бовар надошт ба рафторҳои ў ва ба ҳар аскар фармуда буд, то самтҳоро зери назар дошта бошанд. Нафареро ба дидбонии сои Мазор монд, ду саворро ҷониби Варзи Канда фиристод, то аз ҳар рўйдоде огоҳ кунанд. Ва ҳайрон аз кирдори Мулло Тош. Агар ғиромие дошт дар дил, корвонро гирифта мегурехт. Пас ба Мирзо Аҳё фармуд ба Мулло Тош гўяд, куҷо будани дастаи Қаҳҳорчаро муайян кунад...
...Мулло Тош не нагуфт; рафт сар-сари теппаҳо гоҳ аёну гоҳ пинҳон. Вале бозгашти ўро касе надид. Хабар овард, ки даста дар Шўрча низ нест. Қисме дар канори пули Дашти Қозӣ, қисме дар Кошона. Ҳангоми амалиёт метавонанд қисмҳо ба ҳам пайванданд.
Отряд дар Шўрчаи камбуна низ касеро дучор наомад. Пиндоштанд, ки аз ин ҷо низ рафта ҳама. Рафтанд ба лаби бораи фурудгоҳи пул, устувор карданд туфанг. Саворон пиёда шуда, буни шахчаҳо шинак гирифтанд. Бо фармони командир тўп паронданд ҷониби пул. Се тўп парронданд пайиҳам. Чангу боди замин ба осмон хест, аммо касе пайдо нашуд, садое наомад. Пиндоштанд, ки бесоҳиб аст ин манзил. Омодаи сафар шуданд...
Якбора аз зери бинии отряд – аз камару зери шахчаҳо садои урра баромад; пархош шуд: ба отряди пиёдаи дар сангарҳои табиӣ шинак гирифта дарафтиданд, вале дасташон ба гиребон нарасида, аз тири борони пулемёт ва панҷтираҳо тутвор ба замин рехтанд.
Ва саворон гурехтанд. Ба ҷое, ки гўё тир намерасид. Тири тўпе зад дар наздики онҳо, баробари хоку чанги замин зину банд, лахтаҳои гўшти асп, каллаву салла, дасту пои одамӣ боло шуд ба ҳаво.

пешина
аз 421
навбатӣ