Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Мусулмон ҳастед шумо, агар маро боздоред, ҷанозаи Домуллои калон бе ҷанозахон мемонад, гуноҳаш ба гардани ман...
— Майкадаро хабар кардӣ?
— Ҳо, хабар кардам, ин роҳро онҳо намуданд ба ман, наздик гуфтанд, аз об мегузарӣ, бо роҳи зери Чилдухтарон меравӣ, гуфтанд. Вагарна ман бо сойи Ҳафтзағорахўр мерафтам.
— Ту, бачча, хизматгори кофиронӣ! – нафаре бо думи тозиёна аз зери манаҳи ў бардошта ва рост ба чашмонаш нигоҳ карда, санҷиданӣ шуд.
— Чӣ хел? Алҳамдулиллоҳ, ман – мусулмон.
— Холиқулро шунидаӣ?
— Ҳо, мўйсафедон дар Ёрӣ Қаҳҳорчаро гуфтанд ва сифат карданд, ки дар тарафҳои Муғиён Холиқул ном ҷавонмарде баромада, ки халқу ватанро аз бегонагон ҳимоя мекунад.... дигар чизе намедонам.
— Намехоҳӣ, ки ёри ў бошӣ?
— Мехоҳам... лекин аввал рухсат шавад, ман мўсафедони деҳотро ба ҷанозаи Домуллокалон хабар кунам... Агар ба ман бовар надоред, як нафарро ҳамроҳам фиристед...
— Мо ба ту бовар мекунем, бирав... ба роҳи савоб мерафтаӣ, бирав!
Мулло Тош бовар накард, бовар накард, ки ўро бешиканҷа раҳо кунанд, карахт монд: аспро ҷилав накашид, савор нашуд.
Балки зери лаб чизе бихонд, даст бардошт, ба рўй кашид ва яке аз ҷавонмардони болобаланди зеборо пурсид:
— Холиқул шумоед? – ва ба ҷавоби ў нигарон нашуда, боз даст бардошт: – Илоҳо, теғатон бурро, тиратон расо, суханатон гузаро бошад! Омин!
Ҳама даст бардоштанд, Мулло Тош сар боло накарда, ҷилави асп кашид ва сўи Зарафшон равон шуд.
— Роҳ ба ин сў, мусофир, бо зери Чилдухтарон бирав!
Мулло Тош ба ў нигарист, таъзим кард. Ва ҷилав кашид то назди рўд. Чун ба лаби рўд омад, аспро савор шуд ва бора ба об андохт. Миёни рўд шуд, садое баромад; садои тир. Мулло Тош сарнагун рафт даруни об ва дигар аз об набаромад...
Онҳо пеш омаданд ва тирандохта садо медод, ки ман тир ба ҳаво андохтам, саворро нишон нагирифтаам, чўгуна шавад, ки ў тир нахўрда сарнагун равад аз сари зин? Лаб-лаби рўд тохтанд, асп ба об андохтанд, надиданд нишони пайк. Вале аспи ў монда буд миёни об, бўй мекашид рўдро. Шиҳа мекашид, кишна мекард.
Ва саворе наздик омад, то ҷилави он дорад, асп рафтагор шуд он сўи рўд ва аз об баромада дартоз рафт. Қад-қади об мерафт. Афзор ба садо оварда, уштулум карда, метохт ба рафти об. Саворон мурдаи пайк мекофтанд аз соҳил, ки об мурдаи ҳаром ба канор афканад. Аспи норбекии ў метохт миёни хингбеду ангату буттаҳои газгули дарёобод, ки варзида бошад ва дида, ки чун Мулло Тош зери об моҳивор меравад; тоқиву дастор аз сар афканда, мисоли обдонҳои хўҷапанҷӣ соатҳои дароз зери об зиндагӣ кунад, ҳаво аз об гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор