Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва дамаш дарун зад, ки касе аз миёни буттаҳо овози ўро шунида бошад. Сарири баргҳои най баромад, хишир-хишир шарфа омад. Мулло Тош парчин шуд ба замин, то ҳар кас бошад, гузашта равад. Холате буд, ки рў ба рў нағма кардани асп нафоридаш: «Асрор ҳувайдо кунад». Ҳайвони безабон нағмаҳо дошт, ишораҳо дошт, афсўс, Мулло Тош муроди онро нафаҳмад... Асп гўш сих кард ҷониби ў ва андаке болотар аз лаби об нигарист, нигоҳ наканда якбора гўш хобонд, даҳан андохт ба ҳаво. Лаби об омад. Сукут варзид. Нигарист ба он сў... Мулло Тош низ аз миёни буттаҳо сар баланд кард. Аз паи нигоҳи асп сар боло карда, ба ҷое нигарист, чизеро надид, касе набуд. Ва дид, ки нигоҳи асп лаб-лаби рўд мелағзад, ҷониби ў меояд... ва харгўше аз пеши буттаҳо тохта гузашт. Нигоҳи асп низ аз паси вай рафт. Мулло Тош дарёфт, ки асп аз харгўш ҳаросидаст. Андаке хотирҷамъ шуд.
«Моҳ-моҳ!» лаби об омада, боз бари домон бордор нишон дода, ба ҳила аспро аз об гузаронидан мехост.
— Ҷонвар, ҳамин қадар роҳ омадӣ, баумед омадӣ, чаро аз об намегузарӣ? Ё мехоҳӣ, ки ман гузарам?
Асп ҷавобе нагуфт. Кишна дошт, дум магасрон мекард, гўш мехобонду боло мекард, ягон-ягон сум мекўфт ва Мулло Тош намефаҳмид, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад.
— Ба хаёли ту боз тар шавам-а?
Ва ин дафъа ў бо ҷомаву курта ба об надаромад. Тани эзор худро ба об андохт ва поёнтар аз ҷои истодаи асп аз об баромад.
Муддате ларзон истод, то оби тану эзораш шорад. Асп қадам зад ҷониби ў, бўй кашидаш. Навозиш буд, меҳрубонӣ буд. Ва пай бурд, ки таъхир нашояд. Пушти зин шуд. Асп бар об андохт...
То гўш фурў рафт асп. Мулло Тош яқин кард, ки гаронӣ мекунад бар асп, худро ба об андохт. Лигоми асп дар даст ланда мезад.
Асп низ бо гардану пештана обро тела дода, шиновар буд бар асари ў... Ҷое ки Мулло Тош баромад, асп набаромад. Лаб-лаби канора ҷилав ба даст мерафт ў, то ҷое, ки асп баромад...
— Инак чӣ кор кунем, Сиёҳмушкин? Ту маро раҳондӣ аз дастаи Каҳҳорча, дигар асп мебуд, шояд ба даст меафтидам... Рамузфаҳмӣ, Сиёҳмушкин... Инсон ба ҳарфи якдигар бовар намекунад. Чунки зиёд фиреб хўрдааст… Ту ҳозир будӣ, Худо нозир буд, ман ба отряд хиёнате накардаам. Туро савор шуда омадам. Шубҳа карданд, ки Норбек ҳамроҳи душман буд ва маро сохтанд ба ин кор... Дигар ҳамаро худат дидӣ. Шодам, ки маро аспбон таъин карданд, маро аз ту ҷудойӣ нест... Лекин супориш чӣ шавад? Мову ту бояд назди фармондеҳ биравем. Гумон мекунам, ки командир моро ба озодӣ рухсат надода. Санҷиш аст. Мо бояд зудтар аз ин ҷо канем...
Сиёҳмушкин бинӣ меафшонду кишна мекарду гўш ҳаракат медод ва дум меафшонд, гўиё тасдиқ мекард ҳарфи ўро...

пешина
аз 421
навбатӣ