Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мулло Тош таваҷҷўҳ кард ба пирамард ва дарёфт, ки ў пардадори қалъа нест, балки офтоб хўрад дар чунин рўзи баҳор ва шояд барҷомонда, нотавон, бекасу кўй аст. Ў каф ба гўш карнай кард, ки садоеро возеҳ мешунида бошад. Ором буд ҳама ҷо. Хеле диққат дод, садое нашунид, даҳон во карда чунон вонамуд, ки ба вораҳо садо медошта бошад.
— Кистӣ? Чӣ дард дорӣ? – гўё аз хомўшӣ хавф кашида пурсид ў.
Мулло Тош ин дафъа дигар хел нигарист; нобиноии ўро рад кард дар дил, пиндошт аҳвал аст чашми ў, каҷ аст, аз ин рў чашмаш дигар сў равад.
— Раҳгузарам... – пеш омад Мулло Тош.
— Раҳгузарӣ? Куҷо меравӣ?
— Амондара.
— Амондара? Баччаи кӣ мешӣ?
— Сағира, падар надорам...
— Ҳозир надорӣ, як вақтҳо доштагистӣ? Ё бепадар зоида шудӣ?
Ба назари Мулло Тош сахт гуфт пирамард. Базарда харф мезанад, нафрат доштагӣ барин:
— Тавба, замона чунон шуда, ки падар нашиносанд, – худ ба худ гуфт пирамард. Сахт расид ба Мулло Тош.
— Шумо мақсади маро нафаҳмидед, бобо, ман падар доштам, ўро Мулло Қурбон мегуфтанд, гоҳи аз мардикорӣ баргаштан зери тарма монда мурда буд...
— Чаро надонам, ба ҷанозааш рафта будам... он вақт ман ҳам чашм доштам...
Мулло Тош ҳама чизро фаҳмид.
— Чикораӣ?
Ин саволи пирамард ғайричашмдошт буд. Ў зўр мезад, ки як чизи ноаёни дар гулўяш бозмондаро фурў диҳад, аммо ба зудӣ ин кор нашуд.
— Чикораӣ, мегўям?
— Ҳеҷкора. Кор мекобам.
— Кор мекобӣ? Чӣ кор аз дастат меояд? Чашм бино карда метавонӣ? – ба ҷавоби ў нигарон нашуда бозпурсид.
— Не. Инро ҷуз худаш касе наметавонад...
— Ҳо, ин кори худаш... Мебинам, ки аз дасти ту коре намеояд.
Аз падарат замин мондааст?
— Не.
— Чӣ хел?
— Агар падарам замин медошт дар роҳи мардикорӣ мемурд?
Гўё бо чунин ҳарф Мулло Тош пирамардро мот кард.

пешина
аз 421
навбатӣ