Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ривоят мекунанд, ки халқои водии Зарафшон дар ҳама замонҳо кишвари худро ҳимоя кардаанд, то номусу нанг помол нагардад... Агар ин ҳама корҳо барои аз тахт афтондани амири Бухор бошад, мо ба вай итоат намекунем... Дар ин мулк мирию амирӣ набуд... Як бекча гузашта, ки ҳамин қалъачаро сохтааст, ҳаминро ҳам нобуд кардан мехоҳанд...
Ҷавони азобдидаву зиндагӣ надида Мулло Тош надонист, ки ба ин пири рўзгордида чӣ гуна фаҳмонад, ки Ҳукумати нав одил аст ва барои камбағалон мадади зиёд мерасонад, аммо имон дорад, ки ба ў гуфтану фаҳмонидан суде надорад, пирамард ҳама чизро ба мизони хеш бар мекашад, ҳама маъниро ба фаросати худ дармеёбад... чунин ҳолро аз танҳо монданаш пай бурдан душвор нест.
— Чаро ҳамроҳи халқо нарафтед, бобо?
— Чаро равам? Мурдан бошад, дар ҳамин ҷо ҳам мемурам...
Ман қалъа бонӣ мекунам. Агар халқо аз дасти дўст ё душман нобуд шаванд, ҳамин қалъа ёдгор мемонад... Ин деҳа мисли нобинои панҷрўдӣ марде надорад, ки номи онро аз Қоф ба Қоф барад. Барои ҳамин қалъа бонӣ мекунам, ки шояд маро дар остонаи он сар зананд ва касе ин қиссаро дар дафтар кашад. Қиссаи Искандари Румиро медонӣ?.. Намедонӣ. Искандарӣ Румӣ шаҳри Басраро гирифт ва фармуд, ки қалъаро оташ зананд. Ба ў гуфтанд, ки даруни қалъа ҳакимест, онро оташ мазан. Искандар фармуд:
«Ҳакимро биёред!» Оварданд. Искандар ба ҳаким нигарист ва абрў чин карду гуфт «Ба чунин зиштрўӣ чун метавонад ҳаким бошад?»
Ҳаким гуфт: «Ё Искандар, кор шамшер кунад, на ғилоф». Искандар ҳакимро озод кард ва калъаро оташ назад... Шояд аскарони сурхи ту ҳам чунин кунанд?
Карахт шуд Мулло Тош, гумонаш пири нобино афсун кард ўро ва ба суолаш чизе гуфта натавонист, идома дод пирмард:
— Дар хотир дор, ки ин деҳа чӣ деҳаест: шаш осиёб дорад ин деҳа ва ҳашт ҷувозхона, ҳазор буна, даҳ гузар... Он тарафаш Фушун ном дорад, ин тарафаш Вашан, болояш Тангӣ, поёнаш Дашти Маҳрў ва дар миён гузарҳои зиёде. Ёрӣ рўзе беҷанг нест.
Халқонаш ба ору номус, хунашон тез, гап намебардоранд... Фирорашон ҳам аз рўи номус аст, то зану духтаронашон ба дасти душман наафтанд... Ҷавонмардони кордзан дорад ин деҳа ва соле нест, ки аз рўи орият, хуни гарм ва ҷаҳолат чанде неши корд нашаванд… Омадааш зиёд…
— Агар шумо фармоед, ки халқҳо ба Аскарони Сурх ёр шаванд, тарафи ҳукумати нав гузаранд, на занашон хор мешаваду на фарзандашон...
— Чунин гумон дориё? Боракалло! Кофирам, гў-ўй! Ман одами онҳо, гўй... Ба озмуд омадам, гўй!.. Боракалло! Афсўс, ки намебинам туро...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор