Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Қайсарӣ накун, бачча... Мо ба ту бадӣ нахоҳем, ояндаро бояд андешид. Оянда аз они мост... Ту ҳоло ба худ нестӣ, сарат ба андешаҳои носолим банд аст, ҳатто ҳамдиёрони худро нашиносӣ...
— Чаро нашиносам? Ана вай – қозӣ, ана вай – муфтӣ, ана вай
– Бурҳон, ана вай – Шариф... ҳамаашонро мешиносам, аммо ин баччае, ки шумо мегўед, ҳамдиёри мо нест... Шояд худашро ба номи ҳамдиёрӣ фурўшад, аммо намешиносам... Чӣ хоҳад ў?
— Мехоҳад, ки бишиносӣ. Боре дар Чилдухтарон во хўрда будед.
— Чилдухтарон сари роҳ аст, бисёр касонро во мехўрӣ, лекин ба ин шакл касеро дучор нашудаам.
Байни даста миш-миш шуд, ба ҷунбиш омаданд. Ёрмуҳаммад боз пурсид:
— Ин ҳамон бачча нест, ки аз садои тири ба акка парронда, тарсида, худро ба об андохта буд?
— Ҳамон...
— Фаҳмо! Ин хел бошад, ў маро ба шумо чун Холиқул шиносонидааст... Дидед, ҳамдиёрон якдигарро чӣ хел мешиносанд?
Пас ман чӣ гуна ўро шиносам? Ман он вақт ўро шинохта будам.
Писари Мулло Қурбони амондарагӣ... Лекин ў аз диёру падар мункир шуда, худро аз Дашти Қозӣ хонд...
— Хайр, мурод чист? Ҷангидан?
— Не... Худо нафармояд. Дар диёри мо ҳанўз ҷанг нашуда...
Агар шумо аввалин шуда, оғоз кунед, марҳамат...
Ва он рўз ҷанг нашуд. Дастаи Ёрмуҳаммад сари аспон гардонда, ҷониби Боғи Гарон рафтанд, то бозрафтани аскарони сурхро аз он ҷо дида бозоянд ба назди аҳлу аёл...
Дастаи Ёрмуҳаммад баъди воқеаи Чорбоғ ташкил шуда буд.
То алвақт ҳатто дар Амондара намедонистанд, ки ў як ҷавони ба дилу гурда аст. Бузкашиҳои ўро дар музофот медонистанд: буз ба дасти ў афтад, ба дасти дигар кас гузаштанаш саҳл набуд; як ғайрати Худовандӣ дошт. Аммо ин зайл, ки рўирост ба сари дастаи бегона омада арзи ҳол кунад, касе чашм надошт. Ҳоло ҳам ў ба касе зарар расониданӣ нест, касеро азоб ҳам доданӣ нест; рафту касе зўри хеш нишон диҳад, он гоҳ ба ҷанг дарояд. Ин ҳол то ҳанўз рух назада, чунин ҳолат пеш ояд, шарафи хеш ҳимоя кунад.
Ў дарёфт, ки бо аскарони сурх сарокалла зада натавонад; мушт ба дарафш назанад оқил. Бо вуҷуди он андаруни дарахтони Боғи Гарон ҷо шуд, то бинад онҳо чӣ кор кунанд.
...Онҳо рафтанд. Ҳавливу ҳарами қозиро тарк карда, ҷилави аспон ба Санглох кашида, пушти зинҳо шуданд ва аспони бесоҳибро корвон баста, ба роҳи ҳамвори Пушти Бурсак, бо пайроҳаи миёни қабристон, гўрҳои сари роҳро зери суми аспон карда, рафтанд ҷониби Ёрӣ. Аз омаду рафти онҳо як кор ба сомон нарасид:

пешина
аз 421
навбатӣ